https://sputnik.tj/20211118/eloni-mavqei-tojikiston-dar-borai-afghoniston-dar-smm--1043627993.html
Эълони мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон дар СММ
Эълони мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон дар СММ
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи марбути ваъи Афғонистони Шӯрои амният на танҳо кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ, балки кишварҳои ҳамсояи Кобул низ даъват шудаанд
2021-11-18T20:45+0500
2021-11-18T20:45+0500
2021-11-18T20:52+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
смм
мавқеъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101326/68/1013266887_0:77:2048:1229_1920x0_80_0_0_2263013139657d77839428655de632fc.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии кишвар дар СММ зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди вазъи Афғонистон ироа кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар.Манбаъ иттилоъ додаст, ки ахиран намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи марбути вазъи Афғонистони Шӯрои амният ширкат ва суханронӣ намуд.Таъкид шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур дар баробари кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ бархе аз кишварҳои ҳамсоя низ даъват шуданд. Зимни он гузориши намояндаи вижаи дабири кул, роҳбари ҳайати мусоидати СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс дар бораи вазъи Афғонистон шунида шуд.Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамеша ба мавқеи худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир дар кишвари ҳамсоя таъкид мекунад ва ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти Афғонистон ҷалб мекунад. Дар маҷлисҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили СММ, САҲА, СҲИ ташкил карда шуда буданд, Раҳмон борҳо дар бораи зарурати расонидани кумак ба Афғонистон гуфта буд.
https://sputnik.tj/20211111/tojikiston-kumak-afghoniston-1043472495.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101326/68/1013266887_0:0:1780:1335_1920x0_80_0_0_bc2014c664834b462914d0894d33042a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, смм, мавқеъ
дар тоҷикистон, афғонистон, смм, мавқеъ
Эълони мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон дар СММ
20:45 18.11.2021 (Навсозишуда: 20:52 18.11.2021) Гуфта мешавад, ба ҷаласаи марбути вазъи Афғонистони Шӯрои амнияти СММ на танҳо кишварҳои узви шӯро, балки кишварҳои ҳамсояи Кобул низ даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии кишвар дар СММ зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди вазъи Афғонистон ироа кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар.
Манбаъ иттилоъ додаст, ки ахиран намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи марбути вазъи Афғонистони Шӯрои амният ширкат ва суханронӣ намуд.
Таъкид шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур дар баробари кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ бархе аз кишварҳои ҳамсоя низ даъват шуданд. Зимни он гузориши намояндаи вижаи дабири кул, роҳбари ҳайати мусоидати СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс дар бораи вазъи Афғонистон шунида шуд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамеша ба мавқеи худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир дар кишвари ҳамсоя таъкид мекунад ва ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти Афғонистон ҷалб мекунад. Дар маҷлисҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили СММ, САҲА, СҲИ ташкил карда шуда буданд, Раҳмон борҳо дар бораи зарурати расонидани кумак ба Афғонистон гуфта буд.