https://sputnik.tj/20211111/tojikiston-kumak-afghoniston-1043472495.html
Омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон
Омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар дидор бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Афғонистон вазъи кунунии он кишвар ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақаро баррасӣ кард
2021-11-11T11:29+0500
2021-11-11T11:29+0500
2021-11-11T13:15+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
сафорати тоҷикистон дар фр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717889_0:281:3070:2008_1920x0_80_0_0_51182816a1dff5c00df21c0215b788f7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умри Афғонистон Томас Николсон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо барои мусоидат ба ҳалли зудтари буҳрони Афғонистон таъкид кардаанд.Аз ҷумла дар ин дидор роҳҳои бештари расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла зарурати кумак ба эҳёи иқтисоди ин кишвар баррасӣ шудааст.Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба имконоти кишвар дар робита ба ҳамлу нақл Гулмаҳмадзода аз омодагии ҷумҳурӣ барои расондани кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон хабар дод.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки кишвар омодааст, имконоти логистикӣ барои ироаи кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистонро фароҳам кунад.Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани эътиборномаи сафирони теъдоде аз кишварҳо гуфт: "Буҳрони амиқи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист, боиси ташаннуҷ дар минтақаи мо шудааст".Ӯ гуфт, Тоҷикистон омодааст, имконоти густурдаи логистикии худро барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба ҳамсояи наздикаш пешниҳод кунад.
https://sputnik.tj/20211103/tojikiston-kumakhoi-baynalmilali-afghoniston-kumaki-1043254468.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717889_283:0:3012:2047_1920x0_80_0_0_e1c2a3938158d1ac15ee900cdbf62438.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ тоҷикистон кумак афғонистон
омодагӣ тоҷикистон кумак афғонистон
Омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон
11:29 11.11.2021 (Навсозишуда: 13:15 11.11.2021) Сафири Тоҷикистон дар Русия бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Афғонистон вазъи кунунии он кишвар ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умри Афғонистон Томас Николсон
хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо барои мусоидат ба ҳалли зудтари буҳрони Афғонистон таъкид кардаанд.
Аз ҷумла дар ин дидор роҳҳои бештари расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла зарурати кумак ба эҳёи иқтисоди ин кишвар баррасӣ шудааст.
Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба имконоти кишвар дар робита ба ҳамлу нақл Гулмаҳмадзода аз омодагии ҷумҳурӣ барои расондани кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон хабар дод.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки кишвар омодааст, имконоти логистикӣ барои ироаи кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистонро фароҳам кунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани эътиборномаи сафирони теъдоде аз кишварҳо гуфт: "Буҳрони амиқи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист, боиси ташаннуҷ дар минтақаи мо шудааст".
Ӯ гуфт, Тоҷикистон омодааст, имконоти густурдаи логистикии худро барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба ҳамсояи наздикаш пешниҳод кунад.