https://sputnik.tj/20211118/dehli-makotib-kollej-bastand-1043612681.html
Дар Деҳлӣ ҳамаи макотибу коллеҷҳоро бастанд
Дар Деҳлӣ ҳамаи макотибу коллеҷҳоро бастанд
Sputnik Тоҷикистон
Нисфи кормандони ниҳодҳои давлатию хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард 18.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-18T12:45+0500
2021-11-18T12:45+0500
2021-11-18T17:11+0500
маориф
ҳиндустон
мактаб
баста
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102674/40/1026744026_0:106:3077:1837_1920x0_80_0_0_5fe9c2dcb237ba9524d88a9e9e2ee723.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Деҳлӣ Комиссияи идораи сифати ҳаво ҳама мактабҳоро баста ва вуруди мошинҳои боркаш ба пойтахти Ҳиндустонро (ба истиснои мошинҳои дорои молҳои зарурӣ) бинобар олудагии ҳаво маҳдуд кардааст, хабар медиҳад NDTV. Индекси сифати ҳаво дар Деҳлии Нав ба 403 расидааст. Сатҳи 500 таҳдиде барои қатъи риштаи ҳаёте инсон маҳсуб мешавад. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Олии Ҳиндустон ба баррасии даъво алайҳи мақомоти Деҳлӣ дар робита ба олудагии ҳаво шуруъ кард. Ба гуфтаи вакилони додситонӣ, ба ҷуз аз сӯхтор дар саҳро ҳаракати мошинҳо дар атрофи пойтахт, инчунин корхонаҳо, ғубори роҳҳо, плитаҳои ангиштсанг дар меҳмонхонаву ва тарабхонаҳо атмосфераро олуда мекунанд.Зимнан нисфи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард. Дар Деҳлӣ бояд тамоми корҳои сохтмонӣ, ба ғайр аз сохтмони роҳи оҳан, метро, фурудгоҳ ва иншоотҳои дорои аҳамияти умумидавлатӣ таътил шаванд. Аз ибтидои тирамоҳ вазъи обуҳавоии Деҳлӣ хеле бад шуд. Сӯхтани хошок дар саҳроҳои даравшуда дар атрофи шаҳр ва давлатҳои ҳамсоя яке аз сабабҳои асосӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи деҳқонон, онҳо маҷбуранд, боқимондаи гиёҳҳоро дар саҳро сӯзонанд, зеро маблағе барои харидани таҷҳизоти махсус надоранд.
https://sputnik.tj/20211108/havo-bishkek-jahon-iflostarin-1043326939.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102674/40/1026744026_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_35da78e68f29d7a38fa731a3d648f316.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, ҳиндустон, мактаб, баста
маориф, ҳиндустон, мактаб, баста
Дар Деҳлӣ ҳамаи макотибу коллеҷҳоро бастанд
12:45 18.11.2021 (Навсозишуда: 17:11 18.11.2021) Нисфи кормандони ниҳодҳои давлатию хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Деҳлӣ Комиссияи идораи сифати ҳаво ҳама мактабҳоро баста ва вуруди мошинҳои боркаш ба пойтахти Ҳиндустонро (ба истиснои мошинҳои дорои молҳои зарурӣ) бинобар олудагии ҳаво маҳдуд кардааст, хабар медиҳад NDTV.
"Ҳамаи мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт то содир шудани муҷаввизи азсаргирии кор баста хоҳанд шуд. Танҳо омӯзиши онлайнӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабар.
Индекси сифати ҳаво дар Деҳлии Нав ба 403 расидааст. Сатҳи 500 таҳдиде барои қатъи риштаи ҳаёте инсон маҳсуб мешавад.
Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Олии Ҳиндустон ба баррасии даъво алайҳи мақомоти Деҳлӣ дар робита ба олудагии ҳаво шуруъ кард. Ба гуфтаи вакилони додситонӣ, ба ҷуз аз сӯхтор дар саҳро ҳаракати мошинҳо дар атрофи пойтахт, инчунин корхонаҳо, ғубори роҳҳо, плитаҳои ангиштсанг дар меҳмонхонаву ва тарабхонаҳо атмосфераро олуда мекунанд.
Зимнан нисфи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард. Дар Деҳлӣ бояд тамоми корҳои сохтмонӣ, ба ғайр аз сохтмони роҳи оҳан, метро, фурудгоҳ ва иншоотҳои дорои аҳамияти умумидавлатӣ таътил шаванд.
Аз ибтидои тирамоҳ вазъи обуҳавоии Деҳлӣ хеле бад шуд. Сӯхтани хошок дар саҳроҳои даравшуда дар атрофи шаҳр ва давлатҳои ҳамсоя яке аз сабабҳои асосӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи деҳқонон, онҳо маҷбуранд, боқимондаи гиёҳҳоро дар саҳро сӯзонанд, зеро маблағе барои харидани таҷҳизоти махсус надоранд.