https://sputnik.tj/20211108/havo-bishkek-jahon-iflostarin-1043326939.html
Ҳавои Бишкек дар ҷаҳон ифлостарин аст
Ҳавои Бишкек дар ҷаҳон ифлостарин аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои Бишкек аз шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ва Лоҳури Покистон ҳам олудатар аст 08.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-08T17:32+0500
2021-11-08T17:32+0500
2021-11-08T18:29+0500
иҷтимоъ
бишкек
осиёи марказӣ
ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043326827_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_cdbda43e56207aa02c3e01371854ead7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пойгоҳи "World Air Quality" радабандии кишварҳое, ки ҳавои ифлос доранд, нашр намудааст.Ба гузориши ин пойгоҳ, дар ҷаҳон ифлостарин ҳаво дар Бишкек мебошад. Ҳавои ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳатто аз ҳавои шаҳрҳои Деҳлии Ҳиндустон ва Лоҳури Покистон ҳам ифлостар аст.Гуфта мешавад, нишондиҳандаи сифати ҳаво дар пойтахти Қирғизистон ба 260 AQI баробар аст. Ин нишондод ба шаш категория тақсим шуда, аз афзоиши сатҳи таҳдид ба саломатӣ шаҳодат медиҳад. Нишондоди аз 300 болотари AQI аллакай нигаронкунанда аст. Чунин вазъи ҳаво барои одам хатарзо гуфта мешавад. Ҳамзамон нишондиҳандаи аз 50 поён сифати хуби ҳаворо арзёбӣ мекунад.Гузоришгарон қайд намуданд, ки дар ин радабандӣ пас аз Бишкек, дар мақомҳои баъдӣ Деҳлӣ ва Лоҳур қарор доранд. Шаҳри Мелбурни Австралия бошад, ҳамчун шаҳри дорои тозатарин ҳаво дар сайёра эътироф шудааст. Нишондоди сифати ҳаво дар ин шаҳр ба 3 баробар аст.Дар гузориши ин пойгоҳ, номи Тоҷикистон тамоман зикр нашудааст. Дар ин радабандӣ танҳо 93 кишвари ҷаҳон ҷо дода шуд, ки бадтаринаш Бишкек ва беҳтаринаш Мелбурн гуфта шудааст.
https://sputnik.tj/20210121/dushanbe-borkashon-jarima-iflos-1032664974.html
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043326827_110:0:831:541_1920x0_80_0_0_a4ce19d2ff4f420c7a57c8ce573c6536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, бишкек, осиёи марказӣ, ҳаво
иҷтимоъ, бишкек, осиёи марказӣ, ҳаво
Ҳавои Бишкек дар ҷаҳон ифлостарин аст
17:32 08.11.2021 (Навсозишуда: 18:29 08.11.2021) Ҳавои Бишкек аз шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ва Лоҳури Покистон ҳам олудатар аст
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пойгоҳи "
World Air Quality" радабандии кишварҳое, ки ҳавои ифлос доранд, нашр намудааст.
Ба гузориши ин пойгоҳ, дар ҷаҳон ифлостарин ҳаво дар Бишкек мебошад. Ҳавои ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳатто аз ҳавои шаҳрҳои Деҳлии Ҳиндустон ва Лоҳури Покистон ҳам ифлостар аст.
Гуфта мешавад, нишондиҳандаи сифати ҳаво дар пойтахти Қирғизистон ба 260 AQI баробар аст. Ин нишондод ба шаш категория тақсим шуда, аз афзоиши сатҳи таҳдид ба саломатӣ шаҳодат медиҳад.
Нишондоди аз 300 болотари AQI аллакай нигаронкунанда аст. Чунин вазъи ҳаво барои одам хатарзо гуфта мешавад. Ҳамзамон нишондиҳандаи аз 50 поён сифати хуби ҳаворо арзёбӣ мекунад.
Гузоришгарон қайд намуданд, ки дар ин радабандӣ пас аз Бишкек, дар мақомҳои баъдӣ Деҳлӣ ва Лоҳур қарор доранд.
Шаҳри Мелбурни Австралия бошад, ҳамчун шаҳри дорои тозатарин ҳаво дар сайёра эътироф шудааст. Нишондоди сифати ҳаво дар ин шаҳр ба 3 баробар аст.
Дар гузориши ин пойгоҳ, номи Тоҷикистон тамоман зикр нашудааст. Дар ин радабандӣ танҳо 93 кишвари ҷаҳон ҷо дода шуд, ки бадтаринаш Бишкек ва беҳтаринаш Мелбурн гуфта шудааст.