Зас: Афғонистонро ҷангу суқути иқтисод интизор аст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)-ро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Станислав Зас, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти нуҳуми котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви ИДМ дар бораи дурнамои рушди Афғонистон изҳори назар кард.

“Дар ояндаи наздик эҳтимол дорад, иқтисод ва бахши иҷтимоии Афғонистон комилан суқут карда, дар кишвар фоҷеаи инсонӣ ба вуҷуд биёяд",- гуфт Зас.

Дабири кулли СААД афзуд, буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон боиси даргириҳои мусаллаҳона дар ин кишвар мешавад.
Ҳамчунин вазъи ноором дар кишвар метавонад боиси фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва кишту тавлиди маводи мухаддир дар минтақа шавад.
Купюры американских долларов и монета с гербом Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Умеди "Толибон"* аз Русия барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Афғонистон
Зас илова кард, ки чунин тавсеаи ҳаводис, бидуни шак, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад расонд.
Вай гуфт, ки вазъ дар Осиёи Марказӣ пас аз тағйири қудрат дар Афғонистон "мураккаб, муташанниҷ ва пешгӯинашаванда" боқӣ мемонад.
Зас зикр кард, ки мушкилоте ба монанди таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, амнияти биологӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо мақсадҳои ҷиноӣ таҳти назорати СААД мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0