Падари серфарзанд, генерал, 41-сола, таҳсилдидаи Русия: нашри ҳолномаи раиси нави ВМКБ

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳолномаи Алишер Мирзонаботро нашр кард, ки аввали моҳи равон бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари вилоят таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Мирзонабот Алишер Худобердӣ, зодаи соли 1980, хатмкардаи мактаби рақами 4-и ноҳияи Рӯшон дар соли 1997 мебошад, ки баъди хатми мактаб дар сафи қӯшунҳои сарҳадӣ хидмат кардааст.
Бар асоси ҳолнома, Алишер Мирзонабот аз соли 1998 то 2000-ум дар қисми низомии 2730, воқеъ дар шаҳри Душанбе хидмат карда, баъди анҷом хидмати ҳарбӣ, соли 2000-ум ҳамчун курсант ба Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дохил шудааст.
Ӯ Донишкадаи ҳарбии Қазоқистонро соли 2003 хатм карда, аз моҳи марти соли 2003 ба ҳайси муовини сардори Ситоди қисми қарбии 2107-и қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ба фаъолият оғоз кардааст. Моҳи январи соли 2004 ба вазифаи сардори Ситоди қисми ҳарбии номбурда таъйин шуда, то моҳи августи соли 2005 дар ин вазифа хидмат намудааст.
Низом Мирзозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Зодаи Хатлон ва 59 -сола: Киро президент муовини раиси ВМКБ таъйин кард
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ аз моҳи августи соли 2005 то моҳи июли соли 2006 шунавандаи Академияи сарҳадии Хадамоти бехатарии федеролии Русия дар шаҳри Маскав шуда, академияро бомуваффақият хатм намуд, омадааст дар ҳолнома.
Зикр шудааст, ки аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи декабри соли 2009 ба симмати сардори Ситоди қисми ҳарбии 2655-и нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом ифои вазифа карда, аз соли 2009 то соли 2011 ҳамчун афсари калони шуъбаи фаъолияти намояндагии сарҳадӣ дар Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият намудааст.
Манбаъ афзуд, ки аз соли 2011 то соли 2014 мақоми сардори Ситоди Отряди шашуми сарҳадии нерӯҳои марзбонӣ, аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Отряди сарҳадии ҳафтуми нерӯҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳамадониро ба уҳда доштааст.
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз мансабаш барканор шуд
Инчунин аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз моҳи сентябри соли 2018, ба мақоми ноиби якуми раиси ВМКБ таъйин шудааст.
Моҳи ноябр соли 2020 раиси шаҳри Хоруғ таъйин шуд ва бо фармони раисҷумҳур аз 5 ноябри соли 2021 мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ-ро ба уҳда дорад.
Гуфта мешавад, Алишер Мирзонабот оиладор, падари чор фарзанди ноболиғ ва дорои рутбаи ҳарбии генерал-майор мебошад.
Лентаи хабарҳо
0