https://sputnik.tj/20211117/vaziri-tolib-nishastan-zan-mard-miz-joiz-nest-1043586157.html
Вазири толибҳо: Нишастани зану мард канори як миз ҷоиз нест
Вазири толибҳо: Нишастани зану мард канори як миз ҷоиз нест
Sputnik Тоҷикистон
Вазири наҳй аз мункари толибҳо нишастани марду занро канори ҳам дар як миз хилофи усул ва асосҳои дини ислом донист 17.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-17T09:00+0500
2021-11-17T09:00+0500
2021-11-17T13:02+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
маориф
таҳсил
духтарон
назорати рафтори мардон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101662_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_77cb93db8295b2c796937aad4492c93c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя - Sputnik. Шайх Муҳаммад Холид, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати нав дар Афғонистон нишастани зану мардро канори як миз номақбул хонд, хабар дод Sputnik Афғонистон. Ба иттилои мнабаъ, Шайх Холид ин изҳоротро дар нишасте дар вилояти Балх баён доштааст. Вазири ҳукумати нав дар Афғонистон бо баёни ин ки толибҳо мухолифи таълим ва омӯзиши духтарҳо нестанд, илова намудааст, ки нишастани як мард ва як зан канори як миз ҷоиз нест. Манбаъ зикр намудаст, ки пас аз тасаллути толибҳо ба қудрат дар Афғонистон макотиби духтарона масдуд шуда, занони корманди идораҳои давлатӣ низ хонашин гардидаанд. Вазорати умури занонро, ки дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис ёфта буду фаъолият дошт, толибҳо барҳам доданд. Номи Вазорати умури занон ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар табдил дода шуд.
https://sputnik.tj/20211116/putin-raisi-vaz-afghoniston-barrasi-kard-1043579460.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101662_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_3fe988af53d47df57923b487f939ffae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, афғонистон, толибон, маориф, таҳсил, духтарон, назорати рафтори мардон
дар ҷаҳон, афғонистон, толибон, маориф, таҳсил, духтарон, назорати рафтори мардон
Вазири толибҳо: Нишастани зану мард канори як миз ҷоиз нест
09:00 17.11.2021 (Навсозишуда: 13:02 17.11.2021) Вазири наҳй аз мункари толибҳо нишастани марду занро канори ҳам дар як миз хилофи усул ва асосҳои дини ислом донист
ДУШАНБЕ, 17 ноя - Sputnik. Шайх Муҳаммад Холид, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати нав дар Афғонистон нишастани зану мардро канори як миз номақбул хонд, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои мнабаъ, Шайх Холид ин изҳоротро дар нишасте дар вилояти Балх баён доштааст.
Вазири ҳукумати нав дар Афғонистон бо баёни ин ки толибҳо мухолифи таълим ва омӯзиши духтарҳо нестанд, илова намудааст, ки нишастани як мард ва як зан канори як миз ҷоиз нест.
"Ин хилофи усули динӣ ва боварҳои мардуми мост. Агар ҷаҳон ва кишварҳои ғарбӣ ба ҳамин хотир моро зери фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор додаанд, мо ҳеҷ гоҳ аз усули дини хеш намегузарем", - илова намудааст вазири толиб.
Манбаъ зикр намудаст, ки пас аз тасаллути толибҳо ба қудрат дар Афғонистон макотиби духтарона масдуд шуда, занони корманди идораҳои давлатӣ низ хонашин гардидаанд.
Вазорати умури занонро, ки дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис ёфта буду фаъолият дошт, толибҳо барҳам доданд.
Номи Вазорати умури занон ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар табдил дода шуд.