https://sputnik.tj/20211116/putin-raisi-vaz-afghoniston-barrasi-kard-1043579460.html
Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳурон изҳори омодагӣ намуданд, ки дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон кумак хоҳанд кард
2021-11-16T19:00+0500
2021-11-16T19:00+0500
2021-11-16T19:21+0500
афғонистон
эрон
владимир путин
кӯмак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350643_0:0:1930:1086_1920x0_80_0_0_87a4e3b5ec721efb14a055b941c32a22.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳурони Русия ва Эрон омодагии худро барои кумак ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар эълон кардаанд. Гуфта мешавад, зимни суҳбат Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар ояндаи наздик ирсоли кумакҳои башарӣ аз ин кишвар ба Афғонистон шуруъ мешавад.Президенти Русия аз ирсоли маводи ғизоӣ ва колоҳои зарурӣ дар оянда хабар додааст.Манбаъ меафзояд, зимни табодули афкор дар бораи вазъи Афғонистон, "омодагӣ барои мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар таъкид шуд".Ёдовар мешавем, ки қудрат дар Афғонистонро толибҳо нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуданд.
https://sputnik.tj/20210428/kabulov-rusiya-gireh-siyosi-afghoniston-1039123215.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350643_116:0:1829:1285_1920x0_80_0_0_c29ca1d099bc2197d6435ad70ac3d5a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин раисӣ афғонистон
Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
19:00 16.11.2021 (Навсозишуда: 19:21 16.11.2021) Раисҷумҳурон изҳори омодагӣ намуданд, ки дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон кумак хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳурони Русия ва Эрон омодагии худро барои кумак ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар эълон кардаанд.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар ояндаи наздик ирсоли кумакҳои башарӣ аз ин кишвар ба Афғонистон шуруъ мешавад.
Президенти Русия аз ирсоли маводи ғизоӣ ва колоҳои зарурӣ дар оянда хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, зимни табодули афкор дар бораи вазъи Афғонистон, "омодагӣ барои мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар таъкид шуд".
Ёдовар мешавем, ки қудрат дар Афғонистонро толибҳо нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуданд.