https://sputnik.tj/20211115/afzoishi-50-darsadii-dodusitadi-ojikistonu-rusiya-1043552829.html
Афзоиши 50-дарсадии додуситади миёни Тоҷикистону Русия
Афзоиши 50-дарсадии додуситади миёни Тоҷикистону Русия
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия эълон доштанд, ки тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишвар дар ҳоли афзоиш қарор дорад
2021-11-15T15:10+0500
2021-11-15T15:10+0500
2021-11-15T16:47+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
воридот
содирот
гардиши мол
тиҷорат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102338/61/1023386176_0:132:1921:1212_1920x0_80_0_0_a427d7aca239c335eed4486b5a593cbe.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазорати саноат ва тиҷорати Русия хабар додааст, ки Русия миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад.Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти Русия дар моҳҳои январ-августи соли равон 703,7 миллион долларро (+ 44,9% нисбат ба давраи қаблӣ) ташкил додааст.Дар ҳамин ҳол воридот 51,5 миллион доллар (афзоиш 2,8 маротиба) гузориш шудааст.Ҳамзамон Вазорати саноат ва тиҷорати Русия қайд кардааст, динамикаи мусбати гардиши мол миёни кишварҳо, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфта, 755,2 миллион долларро ташкил додааст.Ҷониби Русия қайд намудааст, ки маҳсулоти аслии содирот аз ин кишвар ба Тоҷикистон пеш аз ҳама маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хоми кишоварзӣ, чӯбу маҳсулоти селлюлоз-коғаз, металлу маҳсулоти филизӣ, маҳсулоти кимиёӣ, аз ҷумла резин, мошину таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад.Ёдовар мешавем, чанде пеш мудири департаменти Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфта буд, ки иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба қадри кофӣ истифода нашудааст. Иля Федоров, мудири Департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва кишварҳои ИДМ-и Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфт, сатҳи мутақобилаи иқтисодию тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба иқтидори мавҷуда мутобиқат намекунад.Барои фаъол гардонидани ҳамкории ду кишвар, ба гуфтаи ӯ, тарҳҳои нави муштарак, роҳандозии равобити мутақобилаи ширкатҳо, бештар истифода кардани имконоти ниҳодҳои пуштибони содирот ва ҳалли якчанд масъалаҳои иқтисодӣ зарур аст.
https://sputnik.tj/20210915/afzoishi-gardishi-kolo-tojikistonu-rusiya-1042281460.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102338/61/1023386176_0:0:1707:1280_1920x0_80_0_0_4d7d6a3b5eaa446cbffa099d7ebb0e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, содирот, тиҷорат, гардиши мол, додуситад, афзоиш
тоҷикистон, русия, содирот, тиҷорат, гардиши мол, додуситад, афзоиш
Афзоиши 50-дарсадии додуситади миёни Тоҷикистону Русия
15:10 15.11.2021 (Навсозишуда: 16:47 15.11.2021) Мақомоти Русия эълон карданд, ки тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишвар дар ҳоли тавсеа аст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазорати саноат ва тиҷорати Русия хабар додааст, ки Русия миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти Русия дар моҳҳои январ-августи соли равон 703,7 миллион долларро (+ 44,9% нисбат ба давраи қаблӣ) ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол воридот 51,5 миллион доллар (афзоиш 2,8 маротиба) гузориш шудааст.
Ҳамзамон Вазорати саноат ва тиҷорати Русия қайд кардааст, динамикаи мусбати гардиши мол миёни кишварҳо, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфта, 755,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ҷониби Русия қайд намудааст, ки маҳсулоти аслии содирот аз ин кишвар ба Тоҷикистон пеш аз ҳама маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хоми кишоварзӣ, чӯбу маҳсулоти селлюлоз-коғаз, металлу маҳсулоти филизӣ, маҳсулоти кимиёӣ, аз ҷумла резин, мошину таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш мудири департаменти Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфта буд, ки иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба қадри кофӣ истифода нашудааст.
Иля Федоров, мудири Департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва кишварҳои ИДМ-и Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфт, сатҳи мутақобилаи иқтисодию тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба иқтидори мавҷуда мутобиқат намекунад.
Барои фаъол гардонидани ҳамкории ду кишвар, ба гуфтаи ӯ, тарҳҳои нави муштарак, роҳандозии равобити мутақобилаи ширкатҳо, бештар истифода кардани имконоти ниҳодҳои пуштибони содирот ва ҳалли якчанд масъалаҳои иқтисодӣ зарур аст.