https://sputnik.tj/20211117/rahmon-pashinyan-dargiri-ozarboyjon-1043603359.html
Раҳмон бо Пашинян даргирӣ бо Озарбойҷонро баррасӣ кард
Раҳмон бо Пашинян даргирӣ бо Озарбойҷонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон суҳбати телефонӣ анҷом дод
2021-11-17T18:33+0500
2021-11-17T18:33+0500
2021-11-17T19:50+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
арманистон
саад
озарбойҷон
никол пашинян
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042286708_36:486:2812:2047_1920x0_80_0_0_d386e20dc971d66c1845dfabe0cd84f1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Никол Пашинян ҳамчун раиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар бораи вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, навиштааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. Манбаъ афзуд, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон даъват намудааст, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя карда, ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсию дипломатӣ ҳаллу фасл намоянд.Ин суҳбат дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 16 август Вазорати умури хориҷии Арманистон эълон кард, нерӯҳои Озарбойҷон ба қаламрави ин кишвар ворид шудаанд. Ба иттилои расида аз Ереван, бархе аз низомиёни арман куштаю маҷруҳ шуда, гурӯҳе ҳам асир афтодаанд. Инчунин дар мавриди талафот аз ҷониби Озарбойҷон хабар дода мешавад. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон низ 16 ноябр аз вазъияти мураккаб дар марз бо Арманистон хабар дода, таъкид намуд, ки амалиёт идома дорад. Танҳо баъди дахолати ҷониби Маскав ва суҳбати вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо ҳамтоёни арману озарияш даргирии миёни ду ҷониб дар наздикии куҳи Килисали қатъ шудааст. Феълан вазъ нисбатан ором арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20211117/osiyoi-markazii-dogh-kobalt-hamkori-va-ghayra-1043596707.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042286708_377:460:2494:2047_1920x0_80_0_0_c0a140496aa6735bc91f9c24fdd805d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, озарбойҷон, арманистон
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, озарбойҷон, арманистон
Раҳмон бо Пашинян даргирӣ бо Озарбойҷонро баррасӣ кард
18:33 17.11.2021 (Навсозишуда: 19:50 17.11.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Никол Пашинян ҳамчун раиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар бораи вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, навиштааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон даъват намудааст, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя карда, ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсию дипломатӣ ҳаллу фасл намоянд.
Ин суҳбат дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 16 август Вазорати умури хориҷии Арманистон эълон кард, нерӯҳои Озарбойҷон ба қаламрави ин кишвар ворид шудаанд. Ба иттилои расида аз Ереван, бархе аз низомиёни арман куштаю маҷруҳ шуда, гурӯҳе ҳам асир афтодаанд. Инчунин дар мавриди талафот аз ҷониби Озарбойҷон хабар дода мешавад.
Вазорати мудофиаи Озарбойҷон низ 16 ноябр аз вазъияти мураккаб дар марз бо Арманистон хабар дода, таъкид намуд, ки амалиёт идома дорад.
Танҳо баъди дахолати ҷониби Маскав ва суҳбати вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо ҳамтоёни арману озарияш даргирии миёни ду ҷониб дар наздикии куҳи Килисали қатъ шудааст. Феълан вазъ нисбатан ором арзёбӣ мегардад.