Осиёи Марказии доғ: “Кобалт”, “Ҳамкорӣ” ва ғайра

© Sputnik / Алексей КуденкоВоеннослужащий во время совместных антитеррористических учений
Военнослужащий во время совместных антитеррористических учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Афғонистон ба унвони мавзуи аслӣ дар расонаҳои ҷаҳонӣ боқӣ мондааст, ҳамчунин таҳдидҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба минтақа идома доранд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин кишварҳои Осиёи Марказӣ силсилаи машқҳои низомиро роҳандозӣ кардаанд.
Рӯзи 17-уми ноябр дар марзи Афғонистон машқҳои нерӯҳои вижаи СПАД "Кобалт", дар тамрингоҳи Фахрободи Тоҷикистон ва тамриноти муштараки Қазоқистону Ӯзбекистон "Ҳамкорлик-2021" дар тамрингоҳи Тирмизи кишвари дувумӣ оғоз мешаванд. Ин ду тадбир ҳамгиро нашудаанд, вале ҳадафҳои муштарак доранд - нерӯҳо амалиёти зидди густариши эҳтимолии мусаллаҳонаи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ аз Афғонистонро амалӣ мекунанд.
Воҳидҳои таъйиноти махсуси Ҳавзаи марказии ҳарбии ФР рӯзи 16-уми ноябр барои ширкат дар машқҳои муштараки нерӯҳои дастаҷамъонаи вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии "Кобалт-2021" ба тамрингоҳи Фахробод омаданд. Дар ин ҷо мутахассисони рус ҳамроҳ бо ҳамкасбон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон амалиёти серӯзаи маҳви ҷангҷӯёнро тамрин мекунанд. Русияро дар машқҳои "Кобалт" 60 нафар низомӣ бо 10 техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла ду чархболи Ми-8МТВ5-1 намояндагӣ мекунанд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сенарияи бадтарин": ҳадафи аслии тамрин дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маълум шуд
17-24 ноябр дар ҷануби Ӯзбекистон размоиши ин кишвар бо Қазоқистон таҳти унвони “Ҳамкорӣ-2021” баргузор мешавад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани қобилияти мутақобила, сатҳи ҳамкории қувваҳои мусаллаҳи ду давлат дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ мебошад.
Қазоқистонро беш аз 100 нафар низомӣ бо ҷангандаҳои чандманзураи Су-30СМ, ҳавопаймоҳои низомии нақлиётии С-295, ҳавопаймоҳои бесарнишини тактикии нерӯҳои ҳавоии Ҷумҳурии Қазоқистон намояндагӣ мекунанд. Дар рафти машқҳо қӯшунҳо амалиёти ҷустуҷӯю иктишофӣ, нест кардани отрядҳои пешқадами душман, дафъи ҳуҷум ва барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тамрин мекунанд.
Қазоқистон бо Афғонистон марзи муштарак надорад, аммо дар вазъи низоъ дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар канор нахоҳад монд. Аз ҳамин хотир аст, ки қабл аз ин размоиш парлумони Қазоқистон санади ирсоли кумаки бебозгашти ҳарбӣ-техникӣ ба Қирғизистону Тоҷикистонро тасдиқ кард. Илова бар ин вазирони дифои Қазоқистон ва Русия рӯзи 9-уми ноябр барномаи нави шарикии стратегӣ барои солҳои 2022-2024-ро тасвиб карданд, ки ҳамкориҳои низомию фаннии ду кишварро тавсеа хоҳад дод.

Системаи амниятӣ

Пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон низоми амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ислоҳ мешавад. Аз моҳи сентябр машқҳои муштараки низомӣ тақрибан пайваста идома доранд.
Ҳамин тариқ дар силсилаи машқҳои СПАД - “Таъсири мутақобила”, “Ҷустуҷӯ” ва “Эшелон”, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои 18-23-юми октябр дар тамрингоҳҳои Ҳарбмайдону Мумирак баргузор шуданд, 2700 низомӣ бо 500 адад техникаи шаш давлат - Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Оғози размоишҳои махсуси низомии “Кобалт-2021” дар Тоҷикистон
Дар авоили моҳи ноябр нерӯҳои шаш кишвари узви СПАД дар Тотористон амалиёти посдори сулҳро бо "назари афғон" дар шакли машқҳои "Бародарии пойдор-2021" таҳия карданд. Силсилаи ҷадиди машқҳо - "Кобалт-2021"-у “Ҳамкорӣ-2021” дар қаламрави Тоҷикистону Узбакистон аз афзоиши ҳамгироии ҷангии ғайримустақими нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои минтақа, таҳкими минбаъдаи нерӯи куллии системаи амниятӣ дарак медиҳад.
Рӯзи 15-уми ноябр Ҳукумати Русия созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистонро дар бораи таъсиси системаи муштараки дифои ҳавоӣ, ки марзҳои давлатиро дар ҳарими ҳавоӣ тақвият хоҳад дод, тасвиб кард. Ба ғайр аз ин системаи муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ 26 сол боз амал мекунад.
Азбаски Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон марзи муштарак надоранд, дар қаламрави Тоҷикистон як минтақаи махсуси амнияти дастаҷамъӣ таъсис шудааст. Амалҳои муштараки нерӯҳои дифои ҳавоӣ аз ҷониби фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия ҳамоҳанг карда мешаванд.
Воҳидҳои тирандози савора ва танкии пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 250 тирандозии мустақим анҷом доданд. Нерӯҳои тӯпхонаии Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки дар наздикии кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад, дар тӯли сол мизони омодагии ҷангиро 20% боло бурда, дар размоишгоҳҳо аз беш аз 10 ҳазор лавозимоти ҷангӣ истифода кардааст.
Соли 2021 Русия ба Қазоқистон ва Узбакистон ҷангандаҳои Су-30СМ, чархболҳои Ми-35М, системаҳои зиддимушакии Бук-М2Е, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, системаҳои чандманзураи “Орлан-10Е”, зиреҳпӯшҳои сабуки “Тайфун-К” ва мошинҳои хурди интиқолӣ дод.

Хроникаи Афғонистон

Пас аз фирори нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон мизони таҳдидҳои террористӣ дар ин кишвар коҳиш намеёбад. Толибон ки қудратро ба даст овардаанд, худ ҳадафи гурӯҳҳои рақиб қарор гирифтаанд. Эҳтимолияти пешгӯии “ҷиҳод” ба кишварҳои ҳамсоя боқӣ мемонад.
15 ноябр дар Кобул, дар минтақаи Кутаи Сангӣ таркиш рух дод, инфиҷори дувум дар ду рӯз чанд нафарро кушту захмӣ кард. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ", ки дар Федератсияи Русия мамнуъ аст, бар уҳда гирифт. Қаблан ҷиҳодиён дар як масҷид дар вилояти шарқии Нангарҳор таркиш ташкил карда буданд.
Таваҷҷуҳ кунед, ки пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон беш аз 150 расона аз фаъолият бозмонд, ба ин хотир на аз ҳама ҳамлаҳои террористӣ ба ҷомеа иттилоъ дода мешавад.
Даргириҳои толибон бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер идома доранд. Аҳмад Масъуди хурдӣ 60 дарсади дараи Панҷшерро назорат мекунад, нуфузи худро дар шимоли кишвар густариш медиҳад ва дафтари худро дар Вашингтон боз мекунад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Ҳузури толибону Тоҷикистон дар Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар оянда
Дар платформаҳои мухталифи музокира Русия, Иёлоти Муттаҳида, Чин ва Покистон аз толибон даъват мекунанд, ки ҳамгироӣ бо ҳама гурӯҳҳои террористии байналмилалиро қатъ кунанд. Ин ҷо масъала хеле мураккаб аст. Барои мисол, додгоҳи низомие, ки толибон ба наздикӣ таъсис доданд, кормандони собиқи вазоратҳои дифоъ, истихборот ва дохилаи ин кишварро ҳадаф қарор додааст.
Ҳукумати фарогир дар Кобул ва ҳуқуқи баробари занони афғонистонӣ низ идеалҳои хуб ба назар мерасанд, аммо таҳаққуқи ин ҳама қариб ғайриимкон аст.
Дар миёни муовини сарвазири "муътадил"-и ҳукумати нав Мулло Бародару вазири мудофиа Мулло Ёқуб аз як тараф ва раҳбари "радикалҳо", вазири корҳои дохилӣ Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз тарафи дигар зиддияти ҷиддӣ ба назар мерасад. Оқибатҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст, аммо таърих медонад, ки муборизаи ҳарбӣ-инқилобӣ барои роҳбарон чӣ гуна анҷом меёбад ва дар ҳафтаҳои аввали баъди аз ҷониби толибон ишғол шудани Кобул аз задухӯрдҳои мусаллаҳонаи байни ҷонибдорони Бародар ва Ҳаққонӣ хабар дода шуда буд. Дар чунин муҳит тарҳҳои иқтисодӣ ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои ҳамсоя, ки ба Афғонистони босубот манфиатдоранд, аҳамияте надоранд.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Телеграм” пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0