https://sputnik.tj/20211117/tolibonu-tojikiston-nishast-vuzaro-khorija-hamsoyagon-afghoniston-1043592175.html
Ҳузури толибону Тоҷикистон дар Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар оянда
Ҳузури толибону Тоҷикистон дар Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар оянда
Sputnik Тоҷикистон
Ду нишасти қаблӣ бидуни ҳузури толибҳо баргузор шуд. Ин навбат ҳукумати Чин онҳоро низ даъват кардаст
2021-11-17T13:00+0500
2021-11-17T13:00+0500
2021-11-17T14:11+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
машварат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_00291b7935310065b1f0b29ae3268f2a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Намояндагони толибон ба нишасти савуми вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон даъват мешаванд, хабар медиҳад ТАСС аз қавли вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.Вазири умури хориҷаи Покистон изҳор доштааст, ки ин кишвар ҷонибдори ҳифзи ҳамкориҳои созанда бо Кобул мебошад.Гуфта мешавад, нишасти навбатӣ дар Чин баргузор мегардад ва дар кори он Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Нахустин мулоқоти онҳо 8 сентябр дар Исломобод ва дувумӣ 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд, ки тайи ин ду дидор намояндагони толибҳо ҳузур надоштанд. Дар нишасти охирон вузарои хориҷа бо нашри як баёнияи муштарак ба ташкили ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон даъват карданд.Онҳо аз толибон хостанд, нагузоранд, ки аз хоки Афғонистон ҳамсоягонаш таҳдид шаванд.
https://sputnik.tj/20211101/tehron-china-mizboni-nishasti-vuzaroi-khorijai-hamsoyagon-afghoniston-1043213926.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_44e9f1bc2aef9094fae1432335b4892c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон тоҷикистон нишаст чин
толибон тоҷикистон нишаст чин
Ҳузури толибону Тоҷикистон дар Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар оянда
13:00 17.11.2021 (Навсозишуда: 14:11 17.11.2021) Ду нишасти қаблӣ бидуни ҳузури толибҳо баргузор шуда буд. Ин навбат Ҳукумати Чин онҳоро низ даъват кардаст
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Намояндагони толибон ба нишасти савуми вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон даъват мешаванд, хабар медиҳад ТАСС аз қавли вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.
"Ҳукумати муваққати Афғонистон ба нишасти навбатии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мешавад", - омадааст дар хабар.
Вазири умури хориҷаи Покистон изҳор доштааст, ки ин кишвар ҷонибдори ҳифзи ҳамкориҳои созанда бо Кобул мебошад.
Гуфта мешавад, нишасти навбатӣ дар Чин баргузор мегардад ва дар кори он Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Нахустин мулоқоти онҳо 8 сентябр дар Исломобод ва дувумӣ 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд, ки тайи ин ду дидор намояндагони толибҳо ҳузур надоштанд.
Дар нишасти охирон вузарои хориҷа бо нашри як баёнияи муштарак ба ташкили ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон даъват карданд.
Онҳо аз толибон хостанд, нагузоранд, ки аз хоки Афғонистон ҳамсоягонаш таҳдид шаванд.