https://sputnik.tj/20211111/peshnihodi-tojikiston-mutobiqsozi-kitobho-darsi-zaboni-rusi-maktab-1043493424.html
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Русия бораи мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ дар мактабҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Русия бораи мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ дар мактабҳо
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки барои таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд
2021-11-11T20:45+0500
2021-11-11T20:45+0500
2021-11-11T20:59+0500
дар тоҷикистон
маориф
пешниҳод
китоб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102317/87/1023178776_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_bb30792e395b51119f8bc6a995b60e2a.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали Вазири маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳоди худро дар ҷараёни мизи мудавваре таҳти унвони “Вазъият ва дурнамои ҳамкории башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия: маориф, илм, фарҳанг”, ки дирӯз, 10 ноябр тавассути видеоконфронс дар чаҳорчӯби Анҷумани ҳафтуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд, баён кардааст.Ҳамзамон мақомдори тоҷик пешниҳод кардааст, ки як гурӯҳи кории дуҷониба барои мутобиқсозӣ ва таҳияи силсилаи маҷмуаҳои таълимию методии забони русӣ барои низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон таъсис дода шавад.Муовини вазир иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон 38 мактаби русӣ фаъолият мекунад, 173 мактаб синфҳои русӣ дорад, барои онҳо китобҳо нашр шудаанд, ки аз ҷониби русшиносони маъруф, муаллифони Донишгоҳи Санкт-Петербург омода шудаанд ва курсҳои такмили ихтисос барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси муаллимони забон ва адабиёти рус гузаронда мешаванд.Вазорати маорифи Тоҷикистон инчунин таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ миёни донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон ва Русияро ба мақсад мувофиқ медонад, ки метавонанд барои роҳандозии сатҳи баландтари муносибатҳои кафедраҳои тахассусӣ замина фароҳам оваранд.“Мо изҳори омодагии худро барои таҳияи барномаҳои дудипломӣ дар соҳаҳои педагогӣ изҳор менамоем”, — афзуд Муҳаммаддовуд Саломиён.Дар ҳамин ҳол Саломиён таъкид кард, ки низоми маорифи Тоҷикистон дар ҳолати ислоҳот қарор дорад.Вай мушкилоти асосии бахши маорифро дар саросари ИДМ, ки дар натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз қабили рушди технология, навоварӣ дар бархӯрдҳо ба раванди таълим ва равиши бисёрзинагӣ дар таълим ба вуҷуд омадаанд, зикр намуд.
https://sputnik.tj/20211111/rusiya-iqror-imkonoti-tijorati-tojikiston-istifoda-nashudaast-1043491325.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102317/87/1023178776_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2ba264ef037560211bef1cd2598ecb7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, китоб, мутобиат, мактаб, дарс, пешниҳод
тоҷикистон, русия, китоб, мутобиат, мактаб, дарс, пешниҳод
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Русия бораи мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ дар мактабҳо
20:45 11.11.2021 (Навсозишуда: 20:59 11.11.2021) Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки барои таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали Вазири маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳоди худро дар ҷараёни мизи мудавваре таҳти унвони “Вазъият ва дурнамои ҳамкории башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия: маориф, илм, фарҳанг”, ки дирӯз, 10 ноябр тавассути видеоконфронс дар чаҳорчӯби Анҷумани ҳафтуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд, баён кардааст.
“Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои дастрасии китобхонаҳои электронии мактабҳои Русия, инчунин дастрас намудани намунаҳои электронии китобҳои дарсӣ ба забони русӣ барои мутобиқсозӣ ва нашри минбаъдаи онҳо дар ҷумҳурӣ баррасӣ шаванд”, — таъкид кард Саломиён.
Ҳамзамон мақомдори тоҷик пешниҳод кардааст, ки як гурӯҳи кории дуҷониба барои мутобиқсозӣ ва таҳияи силсилаи маҷмуаҳои таълимию методии забони русӣ барои низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муовини вазир иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон 38 мактаби русӣ фаъолият мекунад, 173 мактаб синфҳои русӣ дорад, барои онҳо китобҳо нашр шудаанд, ки аз ҷониби русшиносони маъруф, муаллифони Донишгоҳи Санкт-Петербург омода шудаанд ва курсҳои такмили ихтисос барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси муаллимони забон ва адабиёти рус гузаронда мешаванд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон инчунин таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ миёни донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон ва Русияро ба мақсад мувофиқ медонад, ки метавонанд барои роҳандозии сатҳи баландтари муносибатҳои кафедраҳои тахассусӣ замина фароҳам оваранд.
“Мо изҳори омодагии худро барои таҳияи барномаҳои дудипломӣ дар соҳаҳои педагогӣ изҳор менамоем”, — афзуд Муҳаммаддовуд Саломиён.
Дар ҳамин ҳол Саломиён таъкид кард, ки низоми маорифи Тоҷикистон дар ҳолати ислоҳот қарор дорад.
Вай мушкилоти асосии бахши маорифро дар саросари ИДМ, ки дар натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз қабили рушди технология, навоварӣ дар бархӯрдҳо ба раванди таълим ва равиши бисёрзинагӣ дар таълим ба вуҷуд омадаанд, зикр намуд.