https://sputnik.tj/20211117/jabha-muqovimat-milli-shahr-jahon-tolibho-1043592033.html
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз эътирозҳо дар 22 шаҳри ҷаҳон алайҳи толибҳо гуфт
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз эътирозҳо дар 22 шаҳри ҷаҳон алайҳи толибҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои охир дар 22 шаҳри ҷаҳон тазоҳурот алайҳи ҳукумати толибҳо баргузор гардид
2021-11-17T13:05+0500
2021-11-17T13:05+0500
2021-11-17T18:21+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
эътироз
ҳуқуқи башар
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717676_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_184ad3a64f5b4ad9730b738903b366cf.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Ҷамъомадагон талабҳои ҳаққи худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳуқуқу озодиҳо баён дошта, эътирозашонро аз аъмоли толибҳо таъкид намуданд, хабар дод Алӣ Майсам Назарӣ, масъули бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ. Ба гуфтаи ӯ, омиле, ки эътирозҳо дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳонро барҷаста кард, ҳузури гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон буд. Назарӣ инро гувоҳи фарохии ҳавзаи иҷтимоии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хонд. Вай таъкид намуд, ки идомаи эътирозҳо паёми рӯшане ба ҷомеаи ҷаҳонист, ки мардум ба як гурӯҳи ҳаросафкан ҳеч гоҳ сар фуруд намеорад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо ишора ба тазоҳуроту хостаҳои мардум аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашиносанд. Ҳукуматро дар Афғонистон толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат бо қонунҳои шариат хабар доданд. Тафсире, ки толибҳо аз қонунҳои шариат доранд, дар бисёри ҳолатҳо хилофи арзишҳои исломию мардумии Афғонистон арзёбӣ мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хостааст, ки ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро риоя намоянд, ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари террористиро қатъ созанд ва ҳукумати фарогир бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсию этникиро ташкил кунанд.
https://sputnik.tj/20211117/vaziri-tolib-nishastan-zan-mard-miz-joiz-nest-1043586157.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717676_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_b1d22ae9b7215c63ee252343a63d9f59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муқовимати миллӣ, афғонистон, толибҳо, ҳукумат
муқовимати миллӣ, афғонистон, толибҳо, ҳукумат
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз эътирозҳо дар 22 шаҳри ҷаҳон алайҳи толибҳо гуфт
13:05 17.11.2021 (Навсозишуда: 18:21 17.11.2021) Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои охир дар 22 шаҳри ҷаҳон тазоҳурот алайҳи ҳукумати толибҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Ҷамъомадагон талабҳои ҳаққи худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳуқуқу озодиҳо баён дошта, эътирозашонро аз аъмоли толибҳо таъкид намуданд, хабар дод Алӣ Майсам Назарӣ, масъули бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.
"Мардуми ғаюру сарафрози мо бори дигар хостаҳои барҳақи хешро ба гӯши ҷаҳон фарёд заданду безорияшонро аз даҳшатафканиҳо таъкид намуданд", - иттилоъ дод Назарӣ.
Ба гуфтаи ӯ, омиле, ки эътирозҳо дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳонро барҷаста кард, ҳузури гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон буд. Назарӣ инро гувоҳи фарохии ҳавзаи иҷтимоии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хонд.
Вай таъкид намуд, ки идомаи эътирозҳо паёми рӯшане ба ҷомеаи ҷаҳонист, ки мардум ба як гурӯҳи ҳаросафкан ҳеч гоҳ сар фуруд намеорад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо ишора ба тазоҳуроту хостаҳои мардум аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашиносанд.
Ҳукуматро дар Афғонистон толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат бо қонунҳои шариат хабар доданд. Тафсире, ки толибҳо аз қонунҳои шариат доранд, дар бисёри ҳолатҳо хилофи арзишҳои исломию мардумии Афғонистон арзёбӣ мешавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хостааст, ки ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро риоя намоянд, ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари террористиро қатъ созанд ва ҳукумати фарогир бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсию этникиро ташкил кунанд.