https://sputnik.tj/20211117/hushdor-patrushev-gurusnagi-jang-afghoniston-1043594426.html
Ҳушдори Патрушев аз гуруснагӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон
Ҳушдори Патрушев аз гуруснагӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дабири Шӯрои амнияти Русия аз раванди фоҷиабори ҳаводис дар Афғонистон, аз ҷумла ҷанги нави шаҳрвандӣ ва гуруснагию нодории сартосарӣ ҳушдор дод
2021-11-17T14:25+0500
2021-11-17T14:25+0500
2021-11-17T18:37+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
хатар
патрушев
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043593499_0:288:2150:1497_1920x0_80_0_0_cf5357bd43ec259c9711f265c0f3e356.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, агар толибҳо аз уҳдаи муътадил кардани вазъ дар Афғонистон набароянд, дар ин кишвар метавонад фоҷиа рух диҳад. Ӯ ин нуктаро зимни мулоқоти ҳарсолаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки феълан дар Маскав ҷараён дорад, баён дошт. Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот вазъ дар Афғонистон мебошад. Патрушев ҳамоҳангӣ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон муҳим хонд. Ӯ аз ҷумла ҳушдор дод, ки метавонад дар Афғонистон ҷанги нави дохилӣ сар занад, гуруснагию фақри сартосарӣ ба вуҷуд ояд. Ҳамчунин ин мақомдори Русия ҳамоно яке аз хатарҳои муҳими бархоста аз Афғонистонро терроризм медонад ва ҳамоҳангии ҷомеаи ҷаҳониро муҳим мехонад. Ҳукуматро дар Афғонистон толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат бо қонунҳои шариат бо тафсирҳои хосашон хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хостааст, ки ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу корро риоя намоянд, ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари террористиро қатъ созанд ва ҳукумати фарогире бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсию этникӣ ташкил намоянд.
https://sputnik.tj/20211117/tolibonu-tojikiston-nishast-vuzaro-khorija-hamsoyagon-afghoniston-1043592175.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043593499_330:220:2150:1585_1920x0_80_0_0_d25721a62ae8e2515c8e052b027f3fe1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шӯрои амнияти русия, афғонистон, шаҳрвандӣ, гуруснагӣ
шӯрои амнияти русия, афғонистон, шаҳрвандӣ, гуруснагӣ
Ҳушдори Патрушев аз гуруснагӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон
14:25 17.11.2021 (Навсозишуда: 18:37 17.11.2021) Дабири Шӯрои амнияти Русия аз раванди фоҷиабори ҳаводис дар Афғонистон, аз ҷумла ҷанги нави шаҳрвандӣ ва гуруснагию фақри сартосарӣ ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, агар толибҳо аз уҳдаи муътадил кардани вазъ дар Афғонистон набароянд, дар ин кишвар метавонад фоҷиа рух диҳад.
Ӯ ин нуктаро зимни мулоқоти ҳарсолаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки феълан дар Маскав ҷараён дорад, баён дошт. Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот вазъ дар Афғонистон мебошад.
Патрушев ҳамоҳангӣ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон муҳим хонд.
"Агар ҳукуматдорони нав дар Кобул натавонанд вазъро ба эътидол оранду ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мардуми Афғонистон дастгирии самаранок накунад, тамоюли фоҷиавии ҳаводис метавонад рух диҳад", - изҳор дошт дабири кулли Шӯрои амнияти Русия.
Ӯ аз ҷумла ҳушдор дод, ки метавонад дар Афғонистон ҷанги нави дохилӣ сар занад, гуруснагию фақри сартосарӣ ба вуҷуд ояд.
Ҳамчунин ин мақомдори Русия ҳамоно яке аз хатарҳои муҳими бархоста аз Афғонистонро терроризм медонад ва ҳамоҳангии ҷомеаи ҷаҳониро муҳим мехонад.
Ҳукуматро дар Афғонистон толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат бо қонунҳои шариат бо тафсирҳои хосашон хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хостааст, ки ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу корро риоя намоянд, ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари террористиро қатъ созанд ва ҳукумати фарогире бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсию этникӣ ташкил намоянд.