Чатр бигиред: Дар Тоҷикистон борону барф меборад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в городе Душанбе идут по улице, архивное фото
Люди в городе Душанбе идут по улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон пешгӯӣ доранд, ки ҳаво абрнок шуда, борону барфи тар меборад
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аво абрнок шуда, рӯзона дар ғарби вилоят борон меборад. Дар шарқи вилоят бориши барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 18-23 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, бориши борон ва барф ба амал меояд. Водиҳои шимоли кишвар шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешаванд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 2-7 дараҷа хунук рӯзона 1-4 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Ҳаво дар Хатлон ҳаво абрнок шуда, рӯзона борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Дамо дар водиҳо шабона ва рӯзона ба 3-8 дараҷа мерасад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Барфу борони шадид - ҳушдор аз чаҳор рӯзи сард дар Тоҷикистон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориш бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон бошиддат борида, охири рӯз барфи тар ба амал меояд. Ҳарорат шабона ва рӯзона 4-6 дараҷа гарм хоҳад буд. Аммо дар Дар охири рӯз ҳарорати ҳаво каме паст шуда то ба 1-3 дараҷа гармӣ мерасад.
Лентаи хабарҳо
0