https://sputnik.tj/20211116/borish-barfu-boron-sard-tojikiston-1043570798.html
Барфу борони шадид - ҳушдор аз чаҳор рӯзи сард дар Тоҷикистон
Барфу борони шадид - ҳушдор аз чаҳор рӯзи сард дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои Тоҷикистон аз 17 ноябр то 20 то 12 дараҷа паст мешавад
2021-11-16T13:15+0500
2021-11-16T13:15+0500
2021-11-16T15:55+0500
дар тоҷикистон
пешгӯӣ
обу ҳаво
номусоид
борон
барф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/84/1031038430_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_8dbcccdcab15bf3a995737920ca2ef9a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҳавошиносони тоҷик обу ҳавои кишварро дар чаҳор рӯзи оянда сарду номусоид пешгӯӣ мекунанд.Тибқи иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ рӯзҳои 17-18 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф дар назар аст.Рӯзи 17 ноябр дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад, менависад АМИТ "Ховар".Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида бод бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзҳои 17-20 ноябр бошад, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 17-18 ноябр, якбора номусоидшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. 17 ноябр дар баъзе ҳолатҳо бориш бошиддат мешавад. Бод бо суръати то 10-15 метр дар як сония вазида, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад.Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.Рӯзҳои 17-18 ноябр дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20211110/qum-qazoqiston-turkmaniston-havo-sughd-chang-1043445630.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/84/1031038430_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_c9ecf4c23216a254b2ef1825a5b1501e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
обу ҳаво, тоҷикистон, ҳушдор, номусоид,
обу ҳаво, тоҷикистон, ҳушдор, номусоид,
Барфу борони шадид - ҳушдор аз чаҳор рӯзи сард дар Тоҷикистон
13:15 16.11.2021 (Навсозишуда: 15:55 16.11.2021) Ҳавои Тоҷикистон аз 17 ноябр то 20 то 12 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҳавошиносони тоҷик обу ҳавои кишварро дар чаҳор рӯзи оянда сарду номусоид пешгӯӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ рӯзҳои 17-18 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф дар назар аст.
Рӯзи 17 ноябр дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад, менависад АМИТ "Ховар".
Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида бод бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Рӯзҳои 17-20 ноябр бошад, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 17-18 ноябр, якбора номусоидшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ мешавад.
17 ноябр дар баъзе ҳолатҳо бориш бошиддат мешавад. Бод бо суръати то 10-15 метр дар як сония вазида, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзҳои 17-18 ноябр дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.