https://sputnik.tj/20211116/solim-baromad-tahdid-habs-abad-javone-maktab-qazon-kusht-1043577917.html
Солим баромад: таҳдиди ҳабси абад ба ҷавоне, ки дар мактаби Қазон нуҳ нафарро кушт
Солим баромад: таҳдиди ҳабси абад ба ҷавоне, ки дар мактаби Қазон нуҳ нафарро кушт
Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши Илназ Галявиев, ҷавоне, ки дар мактаби Қазон ҳафт хонанда ва ду омӯзгорро кушт, солим баромад. Ташхиси қаблӣ ӯро девона бароварда буд
2021-11-16T17:50+0500
2021-11-16T17:50+0500
2021-11-16T19:22+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039410422_0:95:1487:931_1920x0_80_0_0_c7576cdba0c6b87ee5c8b238a41ac995.jpg
Илназ Галявиев, ки дар гимназияи рақами 175-и Қазон тир кушод, солим дониста шуд, гуфт вакили ӯ Владимир Богдан ба РИА "Новости".Ба гуфтаи Богдан, ба ӯ ҳамчунин хабар дода шудааст, ки муттаҳам аз хидмати вакилони дифоъе, ки волидонаш киро кардаанд, даст кашидааст. Акнун дар додгоҳ манфиатҳои ӯро вакили мудофеи таъинкардаи тафтишот ҳимоя мекунад. "Ман инро нақзи ҳуқуқи дифоъ медонам. Бо дархости волидайнаш минбаъд низ аз ӯ ҳимоят мекунам", - афзуд ӯ.Ёдовар мешавем, 11 май дар яке аз макотиби Қазон куштори оммавӣ иттифоқ афтод. Ҷавони 19-сола, ки худ хатмкардаи ин боргоҳ мебошад, бо истифода аз маводи тарканда, аввал инфиҷор анҷом ва сипас вориди бинои мактаб шуда, 7 хонанда ва ду омӯзгорро ҳадафи тир қарор дод.Дар ин ҳодисаи нангин ҳамзамон 24 нафар ҷароҳат бардоштанд.Феълан алайҳи ӯ парванди ҷиноятӣ боз гардидааст ва ӯро ҳабси якумра таҳдид мекунад.Пас аз рух додани ин ҷиноят назорати гардиши силоҳ дар Қазон пурзӯр шуд. Агар қаблан барои афроди аз 18-сола боло ҳаққи бо худ гардондани силоҳ дода мешуд, ҳоло ин кор барои нафарони аз 21-сола боло имконпазир аст.
https://sputnik.tj/20210511/navor-tirparroni-maktab-qazon-1039370463.html
қазон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039410422_0:0:1487:1116_1920x0_80_0_0_53e3fa611707c443b697ae232e632315.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазон мактаб куштор
Солим баромад: таҳдиди ҳабси абад ба ҷавоне, ки дар мактаби Қазон нуҳ нафарро кушт
17:50 16.11.2021 (Навсозишуда: 19:22 16.11.2021) Санҷиши Илназ Галявиев, ҷавоне, ки дар мактаби Қазон ҳафт хонанда ва ду омӯзгорро кушт, солим баромад. Ташхиси қаблӣ ӯро девона бароварда буд
Илназ Галявиев, ки дар гимназияи рақами 175-и Қазон тир кушод, солим дониста шуд, гуфт вакили ӯ Владимир Богдан ба РИА "Новости".
"Муфаттиш ба ман гуфт, ки ташхис ӯро солим нишон дод. Худи хулосаро надидам", - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Богдан, ба ӯ ҳамчунин хабар дода шудааст, ки муттаҳам аз хидмати вакилони дифоъе, ки волидонаш киро кардаанд, даст кашидааст. Акнун дар додгоҳ манфиатҳои ӯро вакили мудофеи таъинкардаи тафтишот ҳимоя мекунад.
"Ман инро нақзи ҳуқуқи дифоъ медонам. Бо дархости волидайнаш минбаъд низ аз ӯ ҳимоят мекунам", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, 11 май дар яке аз макотиби Қазон куштори оммавӣ иттифоқ афтод. Ҷавони 19-сола, ки худ хатмкардаи ин боргоҳ мебошад, бо истифода аз маводи тарканда, аввал инфиҷор анҷом ва сипас вориди бинои мактаб шуда, 7 хонанда ва ду омӯзгорро ҳадафи тир қарор дод.
Дар ин ҳодисаи нангин ҳамзамон 24 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Феълан алайҳи ӯ парванди ҷиноятӣ боз гардидааст ва ӯро ҳабси якумра таҳдид мекунад.
Пас аз рух додани ин ҷиноят назорати гардиши силоҳ дар Қазон пурзӯр шуд. Агар қаблан барои афроди аз 18-сола боло ҳаққи бо худ гардондани силоҳ дода мешуд, ҳоло ин кор барои нафарони аз 21-сола боло имконпазир аст.