Навор аз тирпаронӣ дар мактаб, боздошти силоҳбадаст ва кӯч додани хонандагон дар Қазон

Обуна шудан
Хадамоти амниятӣ шумораи қурбониёни тирпаронӣ дар мактаби Қазонро 11 нафар арзёбӣ кард
Дар тирпаронии мактаби Қазон дасти кам 7 хонандаи синфи ҳашт, чор писарбача ва 3 духтар кушта шуданд.
Гуфта мешавад, ҳар 7 хонандаи мактаб дар ошёнаи саввум паронда шуданд.
Зимнан, 16 нафар, аз ҷумла 12 мактабхони дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки тирпаронӣ дар мактаби рақами 175 - и шаҳри Қазон дар кӯчаи Файзӣ сурат гирифт.
Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Ҳалокати як омӯзгору 6 хонанда дар тирпарронии Қазон
Ҳамла аз ҷониби як ҷавони 19 - сола, ки ҳамин муассисаи таълимиро чанд сол пеш хатм намуда буд, анҷом дода шуд.
Ҷавони 19 - сола ҳамчунин як ҳамраҳи дигар ҳам дошт, ки зимни боздошт кардан ӯ аз ҷониби кормандони пулис кушта шуд.
Феълан сабабҳои ҳамлаи мусаллаҳона ба мактаби Қазон маълум нест.
Тибқи маълумоти пешакӣ, субҳи 11 май ду ҷавон бо силоҳ ба бинои мактаб ворид шуданд. Аввал онҳо посбонеро, ки онҳоро боздошт карданӣ буд, куштанд, сипас зани фаррошро паронданд, баъд аз он ба парондани хонандагон шурӯъ карданд.
То ҳол дар бораи 11 марг гузориш дода шудааст. Ҳоло алайҳи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0