Марде дар Ҷузҷон ба иттиҳоми фурӯши 130 зан боздошт шуд

© AFP 2023 / Wakil KohsarЖенщины в бурках в магазине в Кандагар
Женщины в бурках в магазине в Кандагар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Мақомоти амниятии толибон дар вилояти Ҷузҷон мегӯянд, як танро ба иттиҳоми фурӯши 130 зани шавҳардор дар шаҳри Шибирғон боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Мулло Сироҷ, фармондеҳи пулиси толибон дар Ҷузҷон гуфтааст, нерӯҳои ин гурӯҳ дар як иқдоми тоза мардеро боздошт карданд, ки 130 зани шавҳардорро барои танфурӯшӣ ба вилояти дигар интиқол медод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Салом Ватандор ба нақл аз фармондеҳи пулиси Ҷузҷон навишта, ки нерӯҳои толибон бо роҳандозии чандин амалиёти ҳадафманд ин мардро боздошт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол фармондеҳи пулис дар ин бора ҷузъиёти бештар надодааст.
Афганские женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакон дар Афғонистон гуфт: духтарони 20-рӯзаро медиҳанд
Қобили зикр аст, ки дар соли равон ҷангҳои шадид хонаводаҳои зиёдеро ба шаҳри Ҳирот овора карду бо суқути ҳукумат пешин дар Афғонистон ва омадани толибон ба сари қудрат фақру гуруснагӣ, бахусус миёни оворагони дохилӣ афзоиш ёфт.
Аксари оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ ҳоло бо сард шудани ҳаво ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0