https://sputnik.tj/20211113/unisef-afzoish-izdivoj-kudakon-afghoniston-1043525637.html
ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакон дар Афғонистон гуфт: духтарони 20-рӯзаро медиҳанд
ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакон дар Афғонистон гуфт: духтарони 20-рӯзаро медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард 13.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-13T16:12+0500
2021-11-13T16:12+0500
2021-11-15T19:26+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
афғонистон
юнисеф
издивоҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102187/93/1021879383_0:0:3075:1731_1920x0_80_0_0_b55941b3f8a90912f895653f7a10966f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз афзоиши шумори издивоҷҳо бо кӯдакон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунад, гуфт директори иҷроияи ташкилот Генриетта Фор.Тавре ЮНИСЕФ қайд кардааст, як падидаи густурда, аз қабили издивоҷи бармаҳал дар Афғонистон метавонад боиси хушунати хонаводагӣ ва табъизи занон ва дар натиҷа мушкилоти равонӣ шавад. Ин созмон тахмин мезанад, ки 28 дарсади занони аз 15 то 49-солаи афғон то синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.Ин созмон ҳамчунин аз мақомоти афғон даъват мекунад, ки дар дастгирӣ ва ҳифзи хонаводаҳои осебпазири афғон кумак кунанд. Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, вазъи номусоиди иқтисодӣ дар Афғонистон ҳарчи бештар хонаводаҳоро водор мекунад, ки духтаронро дар синни барвақт издивоҷ кунанд ва ё фарзандони худро ба кор фиристанд.Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико якбора бад шуд. То нимаи моҳи август дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон”* аз мақомаш истеъфо дод ва ба таври оҷил кишварро тарк кард."Толибон"* 15 август Афғонистонро зери итоати худ дароварданд ва дар оғози моҳи сентябр ҳукумати худро эълон карданд.Ҳукумати ҷангҷӯён се моҳ аст, ки кишварро таҳти идора дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ононро ба расмият нашинохтааст. * -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.
https://sputnik.tj/20211028/afghoniston-furush-kudak-1043147960.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102187/93/1021879383_344:0:3075:2048_1920x0_80_0_0_135fa7119fcd7dfcf46c150e130e0e03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, иҷтимоъ, афғонистон, юнисеф, издивоҷ
дар ҷаҳон, иҷтимоъ, афғонистон, юнисеф, издивоҷ
ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакон дар Афғонистон гуфт: духтарони 20-рӯзаро медиҳанд
16:12 13.11.2021 (Навсозишуда: 19:26 15.11.2021) ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз афзоиши шумори издивоҷҳо бо кӯдакон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунад, гуфт директори иҷроияи ташкилот Генриетта Фор.
"Ман аз гузоришҳо дар бораи афзоиши издивоҷҳои ноболиғон дар Афғонистон сахт нигаронам... Мо гузоришҳои муътамад дар бораи хонаводаҳое дарёфт кардем, ки духтарони 20-рӯзаро барои издивоҷи оянда бар ивази маҳр пешниҳод мекунанд".
Тавре ЮНИСЕФ қайд кардааст, як падидаи густурда, аз қабили издивоҷи бармаҳал дар Афғонистон метавонад боиси хушунати хонаводагӣ ва табъизи занон ва дар натиҷа мушкилоти равонӣ шавад.
Ин созмон тахмин мезанад, ки 28 дарсади занони аз 15 то 49-солаи афғон то синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.
Ин созмон ҳамчунин аз мақомоти афғон даъват мекунад, ки дар дастгирӣ ва ҳифзи хонаводаҳои осебпазири афғон кумак кунанд.
Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, вазъи номусоиди иқтисодӣ дар Афғонистон ҳарчи бештар хонаводаҳоро водор мекунад, ки духтаронро дар синни барвақт издивоҷ кунанд ва ё фарзандони худро ба кор фиристанд.
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико якбора бад шуд. То нимаи моҳи август дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон”* аз мақомаш истеъфо дод ва ба таври оҷил кишварро тарк кард.
"Толибон"* 15 август Афғонистонро зери итоати худ дароварданд ва дар оғози моҳи сентябр ҳукумати худро эълон карданд.
Ҳукумати ҷангҷӯён се моҳ аст, ки кишварро таҳти идора дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ононро ба расмият нашинохтааст.
* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.