Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Барафрохта шудани парчами сиёҳи ДИИШ* дар вилояти Урузгон

© REUTERS \ West Asia News AgencyБоец "Талибана"* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле
Боец Талибана* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Расонаҳои маҳалии Афғонистон менависанд, ки дар ин авохир парчамҳои сиёҳи ДИИШ*, бештар аз ҳар вақти дигар дар манотиқи мухталифи вилоят Урузгон ба чашм мехурад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ* парчамҳои худро дар “вулусволиҳои Деҳровуд”-и вилояти Урузгони Афғонистон барафрохтааст.
Бар асоси ин гузоришҳо, тайи чаҳор рӯзи ахир аъзои гурӯҳи ДИИШ* дар рустои Деҳзангии вулусволии Деҳровуд парчамҳои сиёҳи худро барафрохтааст.
Гуфта мешавад, ки аъзоёни ин гурӯҳи ДИИШ* низ аз сокинони русто хостаанд, ки бо ин гурӯҳ пайванданд ва ҳамкорӣ кунанд.
Тибқи иттилои расонаҳо, ки гурӯҳи ДИИШ* дархости хаттӣ барои пайвастан ба ин гурӯҳ ба масоҷиди рустоҳои Зарталӣ ва Мерчи вулусволии Деҳровуд фиристодааст.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Писари Мулло Умар: Ба ҳеҷ кишвар иҷозаи мудохила дар умури Афғонистонро намедиҳам
Дар ин номаҳо ДОИШ ба сокинони маҳаллӣ барои пайвастан ба ин гурӯҳ ба ҳар як нафар 30 ҳазор афғонӣ пешниҳод кардааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи “Толибон”* низ дар атрофи ин рустоҳо тадобири амниятиро шадидтар кардаанд.
Ин гурӯҳ то ҳол дар бораи барафрохтани парчами ДИИШ* дар Урузгон изҳори назар накардааст. Солҳои ахир ДИИШ дар вулусволии Хоки афғон вилояти Зобул, ҳамсояи Урузгон фаъол аст.
Пас аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”* рӯзи 24 август масъулияти маргбортарин ҳамлаҳоро ДИИШ бар ӯҳда гирифт.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0