https://sputnik.tj/20211115/uzbekiston-furudgoh-mazori-sharifro-bozsozi-1043547744.html
Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро бозсозӣ мекунад
Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро бозсозӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисон аз Ӯзбекистон таҷҳизоти фурудгоҳи Мазори Шарифро таъмиру майдони ҳавоиро фаъол хоҳанд кард 15.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-15T12:15+0500
2021-11-15T12:15+0500
2021-11-15T14:57+0500
дар ҷаҳон
нақлиёт
фурудгоҳ
осиёи марказӣ
толиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032915720_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_c5425f3ca719c9c2b1bc272741a8209e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Исматулло Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон дар музофоти Балх бо намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар мулоқот кард, хабар дод шабакаи "Tolo News".Ба иттилои манбаъ, Иргашев бо мақомдорони Балх ва намояндагони Вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон мулоқот карда, ваъда додааст, ки Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шариф ба номи Мавлонро бозсозӣ хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки феълан ба Афғонистон ҳайати кормандони техникӣ барои кумак дар таъмири таҷҳизоти майдони ҳавоӣ фиристода шудаанд. Намояндаи Ӯзбекистон инчунин изҳор доштааст, ки Тошканд ба Афғонистон дар бахшҳои дигар низ, аз ҷумла соҳаҳои инфрасохторӣ кумак хоҳад кард. Ба гуфтаи ноиби вазири нақлиёти Афғонистон, Ҳасибуллоҳ Сурӯш, ҷониби Ӯзбекистон дар баробари барқарорсозии бахшҳои гуногуни фурудгоҳ инчунин ҳудуди 60 корманди техникии фурудгоҳи Мавлоноро ба бозомӯзӣ ҷалб хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол волии Балх Қудратуллоҳ Ҳамза изҳор доштаст, ки Ӯзбекистону Афғонистон инчунин барқарорсозии роҳи оҳан ва қарзи барқро низ баррасӣ кардаанд. Ёдрас менамоем, ки 16 октябр ҳайати Тошканду ва Кобул дар Тирмиз гуфтушунид доштанд. Ҷонибҳо дар бораи бархе аз масъалаҳои иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони хатти барқии Сурхон -Пулихумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар аз масоили мувофиқашудаи ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.
https://sputnik.tj/20211115/jang-khust-firing-kushta-pisar-sangi-1043542573.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032915720_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_dbef2fc2fd57a0ec01275e07115f7591.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, нақлиёт, фурудгоҳ, осиёи марказӣ, толиб
дар ҷаҳон, нақлиёт, фурудгоҳ, осиёи марказӣ, толиб
Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро бозсозӣ мекунад
12:15 15.11.2021 (Навсозишуда: 14:57 15.11.2021) Мутахассисон аз Ӯзбекистон таҷҳизоти фурудгоҳи Мазори Шарифро таъмиру майдони ҳавоиро фаъол хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Исматулло Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон дар музофоти Балх бо намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар мулоқот кард, хабар дод шабакаи "Tolo News".
Ба иттилои манбаъ, Иргашев бо мақомдорони Балх ва намояндагони Вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон мулоқот карда, ваъда додааст, ки Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шариф ба номи Мавлонро бозсозӣ хоҳад кард.
Ӯ афзуд, ки феълан ба Афғонистон ҳайати кормандони техникӣ барои кумак дар таъмири таҷҳизоти майдони ҳавоӣ фиристода шудаанд.
"Моро даъват карданд, ки кори фурудгоҳро барқарор кунем, таҷҳизоти вайроншударо таъмир намоем. Мо ба Афғонистон 30 корманди техникӣ овардем, ки онҳо фурудгоҳро барқарор хоҳанд кард", - илова намудааст Иргашев.
Намояндаи Ӯзбекистон инчунин изҳор доштааст, ки Тошканд ба Афғонистон дар бахшҳои дигар низ, аз ҷумла соҳаҳои инфрасохторӣ кумак хоҳад кард.
Ба гуфтаи ноиби вазири нақлиёти Афғонистон, Ҳасибуллоҳ Сурӯш, ҷониби Ӯзбекистон дар баробари барқарорсозии бахшҳои гуногуни фурудгоҳ инчунин ҳудуди 60 корманди техникии фурудгоҳи Мавлоноро ба бозомӯзӣ ҷалб хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол волии Балх Қудратуллоҳ Ҳамза изҳор доштаст, ки Ӯзбекистону Афғонистон инчунин барқарорсозии роҳи оҳан ва қарзи барқро низ баррасӣ кардаанд.
Ёдрас менамоем, ки 16 октябр ҳайати Тошканду ва Кобул дар Тирмиз гуфтушунид доштанд. Ҷонибҳо дар бораи бархе аз масъалаҳои иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони хатти барқии Сурхон -Пулихумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар аз масоили мувофиқашудаи ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.