https://sputnik.tj/20211115/jang-khust-firing-kushta-pisar-sangi-1043542573.html
Ҷанги Хуст ва Фиринг: кушта шудани боз як писари Ҳоҷӣ Сангӣ
Ҷанги Хуст ва Фиринг: кушта шудани боз як писари Ҳоҷӣ Сангӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва “Толибон”* дар вулусволии Хӯсту Фиринги вилояти Бағлон чандин кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт
2021-11-15T00:34+0500
2021-11-15T00:34+0500
2021-11-15T11:52+0500
афғонистон
ҷанг
кушта шуданд
гурӯҳи террористии "толибон"
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900238_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_2d8e436ff5950023676b1b2736f8a2c6.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Аз ҷумлаи онҳое, ки ба шаҳодат расиданд, яке писар ва дигаре, бародарзодаи фармондеҳи маъруф Ҳоҷӣ Сангии Сангинанд. Ҳоло писари ӯ Барёлай Сангин нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро дар вулусволии Хусту Фаранг раҳбарӣ мекунад. Шарифуллоҳ Сангин, писари Ҳоҷӣ Сангӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳаволии субҳи рӯзи шанбе, 13 ноябр “Толибон”* болои муқовиматгарон амалиёти таҳоҷумиро дар рустоҳои Хушдра ва Чархи Фалаки вулусволии Хуст ва Фиринг анҷом дод. Бино ба иттилои ӯ, дар Хушдара 5 толиб кушта ва захмӣ шуд, аммо муқовиматгарон низ талафотӣ ҷонӣ доштанд. “Яке бародарам Азизуллоҳ Сангин, таҳсилёфтаи Донишгоҳи Пунаи Ҳиндустон ва дигарӣ Амонуллоҳ Ҳакимӣ, писари амакам, таҳсилкардаи Академияи низомии Маршал Фаҳим буданд. Се тани дигар аз ҳамразмонашон маҷрӯҳ гардиданд”, - гуфт Шарифуллоҳ Сангин.Хонаводаи Сангин, яке аз хонаводаҳои муътабари Хусту Фиринг аст, ки чеҳраи маъруфаш генерал Ҳоҷӣ Сангии Сангин, яке аз фармондеҳони маъруфи ҷиҳодӣ ба шумор меравад. Вай дар замони ҷиҳоду муқовимати аввал таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон меҷангид ва дар сангарҳои Хусту Фиринг, Наҳрини вилояти Бағлон вилоятҳои Кундузу Тахор ҷангидааст. Дар замони муқовимати аввал (1996-2001) Хусту Фиринг ягона вулусволие буд, ки “Толибон”* суқут дода натавонист ва минҳайси маркази савқу идораи фармондеҳии муқовимат буд. Ҳоҷӣ Сангӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ (2014-2021) вулусволи Хусту Фиринг буд, ки дар пайи ба синни нафақа расидан аз вазифа рафт. Бо кушта шудани Азизуллоҳ Сангин ва Амонуллоҳ Ҳакимӣ сеюмин фарзанд ва ҳафтумин узви хонаводаи Ҳоҷӣ Сангӣ дар ҷанг бо “Толибон”* кушта мешаванд. Барёлай Сангин низ фарзанди ӯст, ки ҳоло нерӯҳои муқовимат дар дараи Хусти вулусволии Хусту Фирингро раҳбарӣ мекунад. Вай дар гузашта фармондеҳи нерӯҳои командоси урдӯи миллии Афғонистон буд ва бо суқути ҳукумати қаблӣ ба ин дараи муҳим баргашта, як гурӯҳи чирикиро таъсис дод. Хусту Фиринг шарқитарин вулусволии Бағлон буда, бо Андаробҳои ин вилоят ва ҳам дараи Панҷшер, ки ҳамагӣ қаламрави фаъолияти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мебошанд, ҳаммарз аст. “Толибон”* қаламрави бузурги вулусволиро моҳи июли соли равон ишғол карда буд ва танҳо қисмате, ки аз ҳузури онҳо озод буд, дараи Хуст буд. Далели ҳамлаи рӯзи шанбеи “Толибон”* ба ин дара, ки аз ҳудуди 20 русто иборат аст ва аз се як ҳиссаи вулусволии Хусту Фирингро ташкил медиҳад, ҳамин аст. Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои “Толибон”* ба маркази вулусволӣ – қарияи Хусту Фиринг баргаштаанд.* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.
https://sputnik.tj/20211113/talafot-tolibon-panjsher-1043527712.html
https://sputnik.tj/20211112/tolibon-javone-musiqi-badakhshon-kushtaand-1043497878.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900238_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_9cd9a23527a6e6f836577a787fa7a9bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷанг хуст фиринг кушта писар ҳоҷӣ сангӣ
ҷанг хуст фиринг кушта писар ҳоҷӣ сангӣ
Ҷанги Хуст ва Фиринг: кушта шудани боз як писари Ҳоҷӣ Сангӣ
00:34 15.11.2021 (Навсозишуда: 11:52 15.11.2021) Ҷангҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва “Толибон”* дар вулусволии Хуст ва Фиринги вилояти Бағлон чандин кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Аз ҷумлаи онҳое, ки ба шаҳодат расиданд, яке писар ва дигаре, бародарзодаи фармондеҳи маъруф Ҳоҷӣ Сангии Сангинанд. Ҳоло писари ӯ Барёлай Сангин нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро дар вулусволии Хусту Фаранг раҳбарӣ мекунад.
Шарифуллоҳ Сангин, писари Ҳоҷӣ Сангӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳаволии субҳи рӯзи шанбе, 13 ноябр “Толибон”* болои муқовиматгарон амалиёти таҳоҷумиро дар рустоҳои Хушдра ва Чархи Фалаки вулусволии Хуст ва Фиринг анҷом дод.
“Дар қарияи Чархи Фалак, ки мудирияти ҷангро фармондеҳ Барёлай Сангин уҳдадор аст, ба шикаст мувоҷеҳ шуданд, аммо дар қарияи Хушдара, деҳае, ки мо зиндагӣ мекунем, набард ҳафт соат идома кард”, - гуфт Шарифуллоҳ Сангин.
Бино ба иттилои ӯ, дар Хушдара 5 толиб кушта ва захмӣ шуд, аммо муқовиматгарон низ талафотӣ ҷонӣ доштанд.
“Яке бародарам Азизуллоҳ Сангин, таҳсилёфтаи Донишгоҳи Пунаи Ҳиндустон ва дигарӣ Амонуллоҳ Ҳакимӣ, писари амакам, таҳсилкардаи Академияи низомии Маршал Фаҳим буданд. Се тани дигар аз ҳамразмонашон маҷрӯҳ гардиданд”, - гуфт Шарифуллоҳ Сангин.
Хонаводаи Сангин, яке аз хонаводаҳои муътабари Хусту Фиринг аст, ки чеҳраи маъруфаш генерал Ҳоҷӣ Сангии Сангин, яке аз фармондеҳони маъруфи ҷиҳодӣ ба шумор меравад. Вай дар замони ҷиҳоду муқовимати аввал таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон меҷангид ва дар сангарҳои Хусту Фиринг, Наҳрини вилояти Бағлон вилоятҳои Кундузу Тахор ҷангидааст.
Дар замони муқовимати аввал (1996-2001) Хусту Фиринг ягона вулусволие буд, ки “Толибон”* суқут дода натавонист ва минҳайси маркази савқу идораи фармондеҳии муқовимат буд.
Ҳоҷӣ Сангӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ (2014-2021) вулусволи Хусту Фиринг буд, ки дар пайи ба синни нафақа расидан аз вазифа рафт. Бо кушта шудани Азизуллоҳ Сангин ва Амонуллоҳ Ҳакимӣ сеюмин фарзанд ва ҳафтумин узви хонаводаи Ҳоҷӣ Сангӣ дар ҷанг бо “Толибон”* кушта мешаванд.
Барёлай Сангин низ фарзанди ӯст, ки ҳоло нерӯҳои муқовимат дар дараи Хусти вулусволии Хусту Фирингро раҳбарӣ мекунад. Вай дар гузашта фармондеҳи нерӯҳои командоси урдӯи миллии Афғонистон буд ва бо суқути ҳукумати қаблӣ ба ин дараи муҳим баргашта, як гурӯҳи чирикиро таъсис дод.
Хусту Фиринг шарқитарин вулусволии Бағлон буда, бо Андаробҳои ин вилоят ва ҳам дараи Панҷшер, ки ҳамагӣ қаламрави фаъолияти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мебошанд, ҳаммарз аст.
“Толибон”* қаламрави бузурги вулусволиро моҳи июли соли равон ишғол карда буд ва танҳо қисмате, ки аз ҳузури онҳо озод буд, дараи Хуст буд. Далели ҳамлаи рӯзи шанбеи “Толибон”* ба ин дара, ки аз ҳудуди 20 русто иборат аст ва аз се як ҳиссаи вулусволии Хусту Фирингро ташкил медиҳад, ҳамин аст.
Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои “Толибон”* ба маркази вулусволӣ – қарияи Хусту Фиринг баргаштаанд.
* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.