https://sputnik.tj/20211115/tavlidi-taryok-afghoniston-afzoish-1043563397.html
Расонаҳо: Тавлиди тарёк дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфт
Расонаҳо: Тавлиди тарёк дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Бархе гузоришҳо ҳоки аст, ки дар манотиқи ҷануби Афғонистон дар буҳбуҳаи буҳрони иқтисодӣ фаровардаҳои тарёк ба таври қобили таваҷуҳ ёфтааст
2021-11-15T21:00+0500
2021-11-15T21:00+0500
2021-11-16T11:33+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
маводи мухаддир
тавлид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102826/83/1028268396_0:0:3023:1700_1920x0_80_0_0_d2d19e77c42bba1a1ae801c2da1d6b74.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тавлиди тарёк дар ҷануби Афғонистон имсол дар муқоиса бо фаслҳои гузашта афзоиши чашмгире доштааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Тибқи иттилои манбаъ, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ дар ин кишвар кишти хашхош ягона роҳи таъмини рӯзгор барои сокинони маҳаллӣ, бахусус дар вилоятҳои Қандаҳор ва Ҳилманд боқӣ мондааст.Ҳарчанд гузориши СММ дар бораи тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон дар соли 2021 ҳанӯз нашр нашудааст, аммо тибқи як назарсанҷӣ, ки дар моҳи апрели соли равон баргузор шуда буд, дар муқоиса бо соли 2020 кишти хашхош дар Афғонистон 37 дарсад афзоиш ёфтааст.Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран дар як мусоҳиба бар зарурати мубориза бо кишти хашхош дар Афғонистон таъкид кард.Пас аз тасарруфи Афғонистон аз ҷониби толибон намояндагони ин гурӯҳ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои аз байн бурдани кишти хашхош дар Афғонистон ва пайдо кардани роҳҳои кишти зироатҳои дигар ба хотири расонидани кишти тарёк ба сифр ба онҳо кумак кунанд.Аммо бино ба гузоришҳои расонаҳо, аз замони ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишти хашхош дар ин кшвар коҳиш наёфтааст.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид афзуд: “Дар ҳоли ҳозир ҳудуди се миллион афғон нашъаманданд. Ин барои мо хеле дардовар аст. Мо кӯшиш мекунем, ки аз кишт ва тавлиди маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунем. Дар соли 2001 мо тавонистем, ки кишт ва тавлиди маводи мухаддирро кам кунем. Мо ҳоло дар ҳамин самт амал хоҳем кард".
https://sputnik.tj/20211014/dushanbe-afzoishi-qochoqi-asliha-afghoniston-1042824446.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102826/83/1028268396_292:0:3023:2048_1920x0_80_0_0_17604fe8702b07b4d4ad15bbe9988730.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, тарёк, тавлид, маводи мухаддир, буҳрон
афғонистон, тарёк, тавлид, маводи мухаддир, буҳрон
Расонаҳо: Тавлиди тарёк дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфт
21:00 15.11.2021 (Навсозишуда: 11:33 16.11.2021) Бархе гузоришҳо ҳокист, ки дар манотиқи ҷануби Афғонистон дар буҳбуҳаи буҳрони иқтисодӣ фаровардаҳои тарёк ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тавлиди тарёк дар ҷануби Афғонистон имсол дар муқоиса бо фаслҳои гузашта афзоиши чашмгире доштааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ дар ин кишвар кишти хашхош ягона роҳи таъмини рӯзгор барои сокинони маҳаллӣ, бахусус дар вилоятҳои Қандаҳор ва Ҳилманд боқӣ мондааст.
Ҳарчанд гузориши СММ дар бораи тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон дар соли 2021 ҳанӯз нашр нашудааст, аммо тибқи як назарсанҷӣ, ки дар моҳи апрели соли равон баргузор шуда буд, дар муқоиса бо соли 2020 кишти хашхош дар Афғонистон 37 дарсад афзоиш ёфтааст.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран дар як мусоҳиба бар зарурати мубориза бо кишти хашхош дар Афғонистон таъкид кард.
Пас аз тасарруфи Афғонистон аз ҷониби толибон намояндагони ин гурӯҳ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои аз байн бурдани кишти хашхош дар Афғонистон ва пайдо кардани роҳҳои кишти зироатҳои дигар ба хотири расонидани кишти тарёк ба сифр ба онҳо кумак кунанд.
Аммо бино ба гузоришҳои расонаҳо, аз замони ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишти хашхош дар ин кшвар коҳиш наёфтааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид афзуд: “Дар ҳоли ҳозир ҳудуди се миллион афғон нашъаманданд. Ин барои мо хеле дардовар аст. Мо кӯшиш мекунем, ки аз кишт ва тавлиди маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунем. Дар соли 2001 мо тавонистем, ки кишт ва тавлиди маводи мухаддирро кам кунем. Мо ҳоло дар ҳамин самт амал хоҳем кард".