https://sputnik.tj/20211112/tolibon-javone-musiqi-badakhshon-kushtaand-1043497878.html
Толибон ҷавонеро барои гӯш кардани мусиқӣ дар Бадахшони Афғонистон куштаанд
Толибон ҷавонеро барои гӯш кардани мусиқӣ дар Бадахшони Афғонистон куштаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавон дар пайи латукӯби ҷангҷӯён дар роҳ ба беморхона ҳалок мешавад
2021-11-12T10:55+0500
2021-11-12T10:55+0500
2021-11-12T12:04+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
қатл
гурӯҳи террористии "толибон"
мусиқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:22:1920:1102_1920x0_80_0_0_cfc8e46fb29982f0a179db387d29e9b3.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаандҲодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух додааст, хабар медиҳад рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон.Ба иттилои манбаъ, ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд. Воҳидуллоҳ ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ бо телефони ҳамроҳ аз сӯйи толибон кушта шуд. Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд. Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст. Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Илова бар ин толибон дар баъзе вилоятҳо тарошидани риш ва кутоҳ кардани мӯйи сар бо усули ғарбиро манъ кардаанд. Қаблан низ хабарҳо расида буд, ҷангҷӯён дар Бадахшон ва баъзе аз вилоятҳои ин кишвар гӯш ва навохтани мусиқиро мамнуъ эълон карда, афродеро, ки мусиқӣ гӯш мекунанд ё менавозанд, мавриди таъқиб қарор медиҳанд.
https://sputnik.tj/20211101/taroshidani-rish-afghoniston-harom-elom-shud-1043223752.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:0:1708:1281_1920x0_80_0_0_426e2d7a23504f0f57f03be45b058a60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон"* ҷавон мусиқӣ бадахшон афғонистон куштанд
"толибон"* ҷавон мусиқӣ бадахшон афғонистон куштанд
Толибон ҷавонеро барои гӯш кардани мусиқӣ дар Бадахшони Афғонистон куштаанд
10:55 12.11.2021 (Навсозишуда: 12:04 12.11.2021) Ҷавон дар пайи латукӯби ҷангҷӯён дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаанд
Ҳодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух додааст, хабар медиҳад рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.
Воҳидуллоҳ ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ бо телефони ҳамроҳ аз сӯйи толибон кушта шуд.
Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд.
Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст.
Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Илова бар ин толибон дар баъзе вилоятҳо тарошидани риш ва кутоҳ кардани мӯйи сар бо усули ғарбиро манъ кардаанд.
Қаблан низ хабарҳо расида буд, ҷангҷӯён дар Бадахшон ва баъзе аз вилоятҳои ин кишвар гӯш ва навохтани мусиқиро мамнуъ эълон карда, афродеро, ки мусиқӣ гӯш мекунанд ё менавозанд, мавриди таъқиб қарор медиҳанд.