https://sputnik.tj/20211115/faqri-ghur-khonavoda-gurusna-jodda-aks-1043560593.html
Фақри шадид дар Ғур: хонаводаҳо бо шиками гурусна рӯи ҷода мехобанд – акс
Фақри шадид дар Ғур: хонаводаҳо бо шиками гурусна рӯи ҷода мехобанд – акс
Sputnik Тоҷикистон
Чандин хонавода дар вилояти Ғур ба далели фақри шадид дар канори яке аз ҷодаҳои шаҳри Фирузкӯҳ, маркази вилоят зиндагӣ мекунад
2021-11-15T19:25+0500
2021-11-15T19:25+0500
2021-11-15T20:56+0500
афғонистон
мардум
осиёи марказӣ
фақр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975204_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_67fc5683580b5f8324a65219fb73ac33.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Шуморе аз хонаводаҳо дар вилояти Ғур ба далели фақри шадид ва гуруснагӣ дар ҷоддаҳо ба сар мебарад. Ин хонаводаҳо аз рӯз шанбе, ба ин сӯ аз манотиқи вулусволии Аллоҳёр ба шаҳри Фирузкӯҳ омадаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ҳашти субҳ Кобул”.Ин хонаводаҳо дар ҳоле шабу рӯз худро дар фазои боз ва ҳавои сарди Фирузкӯҳ мегузаронанд, ки дар миёнашон кӯдакони навзод, занону мардони куҳансол низ ҳузур доранд.Хонаводаҳое, ки ба далели фақр дар маркази вилояти Ғур паноҳ бурдаанд, мегӯянд, то ҳол ҳеҷ ниҳоде ба кумаки онҳо нарасидааст.Хонаводаҳо гуфтанд, ки барои харидани дору ва ғизо пул надоранд. Онҳо аз муассисаю ташкилотхо кумак мехоҳанд, зеро дар акси ҳол фарзандонашон аз сардӣ ва гуруснагии сахт ҷон хоҳанд дод.Дар ҳамин ҳол муовини волии толибон дар вилояти Ғур ба расонаҳо ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки онҳо талош доранд, аз созмонҳои имдодӣ барои мардуми ниёзманд кумак бигиранд.Ғур дар ғарби ин кишвар қарор дорад, ки яке аз вилоятҳои кӯҳӣ ва сард ба ҳисоб меравад. Нигароние вуҷуд дорад, ки бо бештар сард шудани ҳаво фоҷеаи инсоние ба далели гуруснагӣ дар Ғур рух диҳад.Ин дар ҳолест, ки бархе аз хонаводаҳо дар Ғур духтарони хурдсолашонро ба далели фақр ба фурӯш мерасонанд.
https://sputnik.tj/20211113/unisef-afzoish-izdivoj-kudakon-afghoniston-1043525637.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975204_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_dd4b395a4b7a060602ecbcf3dd7f7689.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, фақр, мардум, гуруснагӣ, хонаводаҳо
афғонистон, фақр, мардум, гуруснагӣ, хонаводаҳо
Фақри шадид дар Ғур: хонаводаҳо бо шиками гурусна рӯи ҷода мехобанд – акс
19:25 15.11.2021 (Навсозишуда: 20:56 15.11.2021) Чандин хонавода дар вилояти Ғур ба далели фақри шадид дар канори яке аз ҷодаҳои шаҳри Фирузкӯҳ, маркази вилоят зиндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Шуморе аз хонаводаҳо дар вилояти Ғур ба далели фақри шадид ва гуруснагӣ дар ҷоддаҳо ба сар мебарад. Ин хонаводаҳо аз рӯз шанбе, ба ин сӯ аз манотиқи вулусволии Аллоҳёр ба шаҳри Фирузкӯҳ омадаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ҳашти субҳ Кобул”.
Ин хонаводаҳо дар ҳоле шабу рӯз худро дар фазои боз ва ҳавои сарди Фирузкӯҳ мегузаронанд, ки дар миёнашон кӯдакони навзод, занону мардони куҳансол низ ҳузур доранд.
Хонаводаҳое, ки ба далели фақр дар маркази вилояти Ғур паноҳ бурдаанд, мегӯянд, то ҳол ҳеҷ ниҳоде ба кумаки онҳо нарасидааст.
Хонаводаҳо гуфтанд, ки барои харидани дору ва ғизо пул надоранд. Онҳо аз муассисаю ташкилотхо кумак мехоҳанд, зеро дар акси ҳол фарзандонашон аз сардӣ ва гуруснагии сахт ҷон хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол муовини волии толибон дар вилояти Ғур ба расонаҳо ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки онҳо талош доранд, аз созмонҳои имдодӣ барои мардуми ниёзманд кумак бигиранд.
Ғур дар ғарби ин кишвар қарор дорад, ки яке аз вилоятҳои кӯҳӣ ва сард ба ҳисоб меравад. Нигароние вуҷуд дорад, ки бо бештар сард шудани ҳаво фоҷеаи инсоние ба далели гуруснагӣ дар Ғур рух диҳад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз хонаводаҳо дар Ғур духтарони хурдсолашонро ба далели фақр ба фурӯш мерасонанд.