https://sputnik.tj/20211115/dushanbe-ozmun-central-asia-got-talent-1043548659.html
Дар Душанбе даври интихобии озмуни "Central Asia Got Talent" оғоз шуд
Дар Душанбе даври интихобии озмуни "Central Asia Got Talent" оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ду сол қабл овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов барандаи озмуни "Central Asia Got Talent" шуда буд 15.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-15T12:33+0500
2021-11-15T12:33+0500
2021-11-15T14:51+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630812_0:144:2727:1677_1920x0_80_0_0_ac58568cbbbe928107352fedcd1b2643.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Даври интихобии озмуни Central Asia Got Talent дар Тоҷикистон оғоз ёфт ва макони баргузории он Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина" мебошад.Ин озмун ба иловаи телевизиони "Сафина" ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизионии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷонпахш мегардад.Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур истеъдодҳое аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, новобаста ба синну сол ва шуғл иштирок мекунанд. Озмун дар панҷ марҳила: кастинг, санҷишҳои боз, чорякфинал, нимфинал ва гранфинал сурат мегирад.Ёдовар мешавем, ки соли 2019 овозхони тоҷик Чоршанбе Аловатов ғолиби мутлақи озмун ва гирандаи 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар, ҷоизаи асосии озмун гардида буд. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба даст омад. Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал бо забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард.
https://sputnik.tj/20191007/Chorshanbe-Alovatov-Daler-Nazarov-dovaron-video-1029989637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630812_149:0:2576:1820_1920x0_80_0_0_3cd479dff69ec192a1cc0d564cfd69a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, озмун
дар тоҷикистон, фарҳанг, озмун
Дар Душанбе даври интихобии озмуни "Central Asia Got Talent" оғоз шуд
12:33 15.11.2021 (Навсозишуда: 14:51 15.11.2021) Ду сол қабл овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов барандаи озмуни "Central Asia Got Talent" шуда буд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Даври интихобии озмуни Central Asia Got Talent дар Тоҷикистон оғоз ёфт ва макони баргузории он Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина" мебошад.
Ин озмун ба иловаи телевизиони "Сафина" ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизионии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷонпахш мегардад.
Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур истеъдодҳое аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, новобаста ба синну сол ва шуғл иштирок мекунанд.
Озмун дар панҷ марҳила: кастинг, санҷишҳои боз, чорякфинал, нимфинал ва гранфинал сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 овозхони тоҷик Чоршанбе Аловатов ғолиби мутлақи озмун ва гирандаи 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар, ҷоизаи асосии озмун гардида буд. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба даст омад.
Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал бо забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард.