Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Обуна шудан
Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Central Asia Got Talent” бо иҷрои суруди маэстро Далер Назаров ҳайати доваронро шигифтзада кард

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ҳунарманди ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов Тоҷикистонро дар озмуни "Central Asia Got Talent” бо иҷрои суруди маэстро Далер Назаров "Агар он турки шерозӣ" дар сатҳи баланд муаррифӣ карда, ҳайати ҳакамони озмунро ба ваҷд овард.

Пас аз иҷрои ин суруд, Аловуддин Абдулоев довар аз Тоҷикистон, аз ҷой бархоста якбора тугмаи тиллоӣ, ки ба иштирокчӣ ҳаққи гузаштан ба даври дигари озмунро медиҳад, пахш кард.

Чоршанбе Аловатов: ашхоси доро мехоҳанд баҳои ҳунарро арзон кунанд

Ӯ аз оҳангу овози Чоршанбе чунон "маст" шуд, ки аз ҷой бархоста ба рақс даромад.

Довари узбакистонӣ - Ситора Фармонова ба Чоршанбе офарин хонд: "Ин муъҷиза аст на инсони оддӣ. Дар тӯли озмун ман чунин маҳоратро интизор будам ва ахиран онро шунидам. Офарин Чоршанбе", - гуфт ӯ.

Central Asia's Got Talent - озмуни байналмилаллиест, ки дар беш аз 70 кишвари дунё баргузор шудааст. Ин бор ин озмуни бонуфуз дар чор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунар меҷӯяд.

Чоршанбе Аловатов  - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми аввали Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Bob Music Awаrds 2019"

Дар ин озмун ҳар нафаре, ки истеъдоди фавқуллода ё ҳунаре бартар аз дигаронро дорад, метавонад ширкат кунад. 

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain’s Got Talent роҳандозӣ мешавад.  

Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин - сарояндаи қазоқистонӣ, ровии телевизион, соҳибкор, Ситора Фармонова - ҳунарпешаи кино, ҳофиза ва ширинкори узбекистонӣ, Гулнур Сатилганова -сарояндаи қирғиз, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Аловуддин Абдуллоев - ҳунарпешаи тоҷик, режиссёри филми мустана, ҳунарманди театр дохил шуданд.

Ҷоизаи асосии озмуни Central Asia's Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад.

То имрӯз Чоршанбе Аловатов дар озмунҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Чоршанбе ҳунарнамоиро дар саҳнаи бузург аз синфи шашум оғоз кардааст. Ҳунарманди ҷавон мегӯяд, чун аз падараш доим сурудҳои халқӣ ва фалак мешунид, дар озмунҳои аввал ҳам дар ҳамин жанр ҳунарнамоӣ кард.

Нахустин бор Аловатов соли 2011 дар озмуни "Овози тиллоӣ", дар жанри фалак ширкат карду соҳиби мақоми аввал шуд.Соли 2014 дар озмуни "Шукуфаҳои пойтахт" низ суруде дар жанри фалак иҷро кард ва мақоми аввалро аз худ намуд. 

Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон
Чоршанбе Аловатов: ашхоси доро мехоҳанд баҳои ҳунарро арзон кунанд

Соли 2017 дар озмуни "Парвин" ҳунарнамоӣ карду боз соҳиби ҷоизаи асосии озмуни овозхонӣ гардид.

Мақоми аввали Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Bob Music Awаrds 2019"

Имсол Чоршанбе аллакай услуби худро ёфта, дар жанри фюжен баромад кард ва дар озмуни  "Bob Music Awаrds 2019", ки даври ниҳоии он рӯзи 28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар бахши "Беҳтарин овоз" мақоми аввалро соҳиб шуд.

Чоршанбе Аловатов кист?

Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон, писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад. Ӯ 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар сайёҳат кунад. Аз ин рӯ айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0