Сабти Абурайҳони Берунӣ дар феҳристи накӯдоштҳои ЮНЕСКО

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЮНЕСКО
ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Обуна шудан
Абурайҳони Берунӣ дар Феҳристи ҷаҳонии накӯдоштҳои 2022-2023 ЮНЕСКО ба таври муштарак барои Эрон, Узбекистону Тоҷикистон ба сабт расид
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар ҷаласаи 11 ноябри 2021 Комиссияи авлавияти ЮНЕСКО 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ ба таври муштарак байни Эрон бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Феҳристи ҷаҳонии накӯдоштҳои ЮНЕСКО барои бозаи замонии 2022-2023 ворид кард иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Гуфта мешавад, пас аз сабти ҷаҳонии парвандаҳои “800-умин соли ҳаёту фаъолияти Шамси Табрезӣ бар мабнои дидори ирфонии Шамс ва Мавлоно” ва “ҳазору панҷоҳумин соли милоди Шайх Харақонӣ” теъдоди накӯдоштҳои сабтшуда аз машоҳири эронӣ дар феҳристи ЮНЕСКО ба 42 маврид расид.
Раскопки городища Тахти-сангин (ХРАМ ОКСА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Пешниҳоди 2500-солагии шаҳраки Тахти Сангин ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд
Абурайҳони Берунӣ бо осоре ҳамчун “Ат-тафҳим” дар риёзиёт ва нуҷум, “Осор-ул-боқия” дар таъриху ҷуғрофиё ва “Таҳқиқ-ул-мол-ул-Ҳинд” дар ҳавзаи мардумшиносӣ бар таърихи пурифтихори дониши башарӣ медурахшад.
Таъкид шудааст, ки асари арзишманди “Осор-ул-боқия”-и ӯ, ки тавасссути ҳокими хирадманду донишдӯст Қобус бин Вашмгир (дар соли 390 то 391 ҳиҷрӣ) ҷамъоварӣ шуд, намунаи боризе аз илмдӯстии эрониён аст.
Лентаи хабарҳо
0