Пешниҳоди 2500-солагии шаҳраки Тахти Сангин ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд

© Российско-Таджикский (Славянский) университет (РТСУ)Раскопки городища "Тахти-сангин" (ХРАМ ОКСА)
Раскопки городища Тахти-сангин (ХРАМ ОКСА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Ҳамзамон рӯйхат 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абӯрайхони Беруниро низ шомил гардид
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Пешниҳоди Тоҷикистон ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангин ба Рӯйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, ворид шудааст.
Ҳамзамон ба ин рӯйхат 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайхони Берунӣ ворид шуд.
Ин мавзуъро се кишвар - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон пешниҳод кардаанд.
Ёдгориҳои бостонӣ дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Рӯйхат дохил карда шуданд.
Тахти Сангин яке аз бузургтарин ёдгориҳои дини зардуштӣ буда, дар соҳили рости дарёи Вахш воқеъ аст.
Ин шаҳрак дар наздик ба дарёҳои Вахшу Панҷ ва оғози Амударё дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и генеральный директор ЮНЕСКО Одри Азуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Раҳмон ва мудири кулли ЮНЕСКО мероси фарҳангии тоҷиконро баррасӣ карданд
Ин ёдгорӣ ба асри IV пеш аз милод тааллуқ дошта, ҳамчун "Хазинаи Амударё", ё "Ҷавоҳироти Окс" иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин маълум аст.
Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, мавриди кофтукови бостоншиносон қарор дорад.
Таваҷҷуҳи олимонро асосан маъбади оташ бо дарозӣ ва паҳноии 51х51 м., биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва анбор, толори сафеди мураббаи андозааш 12х12 м., чор сутуни калони он, деворҳои баландиашон то 5 м., оташкадаҳо, муҷассама ва ашёи дигари шаҳристони Тахти Сангин, ки дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд, бештар ба худ ҷалб намудаанд.
Ҳама маводи ёфтшуда аз шаҳраки Тахти Сангин ҳоло дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон маҳфузанд.
Лентаи хабарҳо
0