https://sputnik.tj/20211114/azizov-bahoi-jon-yak-nafar-metro-najot-1043533614.html
Азизов бо баҳои ҷон як нафарро дар метро наҷот дод, ки баъдан ҷасадашро ёфтанд
Азизов бо баҳои ҷон як нафарро дар метро наҷот дод, ки баъдан ҷасадашро ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Алихон Азизов, як ҷавони 26-cола дар метрои Маскав, мусофиреро, ки зери қатор ҷаҳид, наҷот доду худаш ба ҳалокат расид
2021-11-14T10:15+0500
2021-11-14T10:15+0500
2021-11-15T13:44+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
наҷот
мусофир
дар русия
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/07/1031130792_0:219:3103:1964_1920x0_80_0_0_499bf243012d52c3ee75d49b78d31cd7.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Идораи нақлиёти Маскав бо нашри навори ҳодиса изҳор дошт, ки марде дар истгоҳи "Сходненская" худро пеши қатор партофтанӣ шуд, ки роҳгузари дигар хост, аз ин кораш ҷилавгирӣ кунад. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҳар ду зери қатор афтиданд ва роҳгузаре, ки талоши наҷоти нафари дигарро дошт, ба ҳалокат расид. Марди дигар аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, навишт идораи нақлиёти Маскав. Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз роҳгузаре, ки бо баҳои ҷон талоши наҷоти нафари дигарро кард, Алихон Азизов ном мебаранд, ки 26 сол доштааст. Ҳувияти нафари дигар то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст. Таъкид мекунанд, ки ҷасади ин нафари наҷотёфта дар метроро, баъди чанде аз назди бинои бисёрошёна дар кӯчаи "Свобода" ёфтанд, ки зоҳиран худкушӣ кардааст. Дар пайи ин ҳодиса ҳаракати қатор дар хатсайри Таганско-Краснопресненский масдуд шуда, баъди чанде барқарор гардид. Таъкид мешавад, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
https://sputnik.tj/20211031/jopon-mard-musallah-musofiron-metro-hamla-navor-1043194986.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/07/1031130792_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_68f8987b9cc3d6b49c4ce132f349e00e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алихон азизов, метро, ҷасад, наҷот, худкушӣ
алихон азизов, метро, ҷасад, наҷот, худкушӣ
Азизов бо баҳои ҷон як нафарро дар метро наҷот дод, ки баъдан ҷасадашро ёфтанд
10:15 14.11.2021 (Навсозишуда: 13:44 15.11.2021) Алихон Азизов, як ҷавони 26-cола дар метрои Маскав мусофиреро, ки зери қатор ҷаҳид, наҷот доду худаш ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Идораи нақлиёти Маскав бо нашри навори ҳодиса изҳор дошт, ки марде дар истгоҳи "Сходненская" худро пеши қатор партофтанӣ шуд, ки роҳгузари дигар хост, аз ин кораш ҷилавгирӣ кунад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҳар ду зери қатор афтиданд ва роҳгузаре, ки талоши наҷоти нафари дигарро дошт, ба ҳалокат расид. Марди дигар аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, навишт идораи нақлиёти Маскав.
Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз роҳгузаре, ки бо баҳои ҷон талоши наҷоти нафари дигарро кард, Алихон Азизов ном мебаранд, ки 26 сол доштааст.
Ҳувияти нафари дигар то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст. Таъкид мекунанд, ки ҷасади ин нафари наҷотёфта дар метроро, баъди чанде аз назди бинои бисёрошёна дар кӯчаи "Свобода" ёфтанд, ки зоҳиран худкушӣ кардааст.
Дар пайи ин ҳодиса ҳаракати қатор дар хатсайри Таганско-Краснопресненский масдуд шуда, баъди чанде барқарор гардид. Таъкид мешавад, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.