Дар Ҷопон марди мусаллаҳ ба мусофирони метро ҳамла кард - навор

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПассажиры в метро в Токио, архивное фото
Пассажиры в метро в Токио, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Обуна шудан
Як марди мусаллаҳ дар метрои Токио ба мусофирон ҳамла кард. Видеое аз ҷои ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар метрои Токио марде бо корд мусаллаҳ ба мусофирон ҳамла кард. Видеое аз ҷойи ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Шабакаи телевизионии NHK хабар медиҳад, ки пулиси Токио ин мардро боздошт кардааст. Вай аввал дар метро ба сӯйи мардум корд кашида, сипас моеи оташгиранда рехта, онро оташ задааст.
Дар ҳамин ҳол аз осеб дидани 15 нафар тайи ин ҳодиса хабар дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0