Тоҷикистон Фаронсаро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо хонд

© ВУХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Фаронсаро шарики боэътимоди Тоҷикистон хонд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан дар Порис дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот, дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардиданду Фаронса шарики муҳими Тоҷикистон арзёбӣ шуд.

"Фаронса дар заминаи муносибатҳои наздик ва дӯстонаи ду кишвар шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши Тоҷикистон дар Аврупо хонда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз натиҷаҳои боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса (аз 12-14 октябри соли 2021) ва муколамаи сатҳи олии дар доираи он анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом во Францию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Музокироти Тоҷикистону Фаронса: Мавқеи Раҳмон дар бораи Афғонистон ва маорифу сармоягузорӣ
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар масъалаҳои гуногун, аз маориф то иқтисоду сармоягузориро матраҳ кард. Ҳамчунин Раҳмон ва Макрон ба фарогир будани ҳукумати нави Афғонистон таъкид карданд ва дар ин росто ҳамфикр буданд.
Макрон Раҳмонро бо забони тоҷикӣ хайрамақдам гуфт
Сиёсатмадорон омодагии хешро ба манзури татбиқи зарфиятҳои иловагии таҳкиму ғанисозии равобити ҳарду кишвар таъкид доштанд, омадааст дар хабарнома.
Лентаи хабарҳо
0