Музокироти Тоҷикистону Фаронса: Мавқеи Раҳмон дар бораи Афғонистон ва маорифу сармоягузорӣ

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон прибыл с официальным визитом во Францию
Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом во Францию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон музокироти сатҳи олӣ баргузор карданд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Кишвардорон дар музокирот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуда, ба масъалаи амният дар Афғонистон дахл карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Муҳим аз ҳама - сармоягзорӣ

Дар изҳороти худ сиёсатмадорон тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ ва истихроҷи маодинро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номидаанд.
Имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳамлу нақл, иртибототи электронӣ, кишоварзӣ ва рушди зерсохтори туризм низ муҳокима шудааст.

Дар ин миён муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ду кишвар номида шудааст.

Таъкид шуда, ки ҳар ду кишвар имкониятҳои фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро доранд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохт ва саноат, инчунин ҷалби фанновариҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст.

Ифтитоҳи намояндагии агентии Фаронса дар Тоҷикистон

Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ин зимн ба ширкати Фаронса дар амалисозии ислоҳот ва мукаммалсозии низоми бонкӣ ва молии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

"Ифтитоҳи намояндагии Агентии Фаронса оид ба рушд дар Тоҷикистон метавонад барои ҳамкории васеъ ва татбиқи босамари ҳадафҳои рушд мусоидат намояд", - омадааст дар изҳорот.

Ҷонибҳо фаъолгардонии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ва Анҷумани ширкатҳои МЕДЕФИ Фаронсаро аз имконоти дигари ҷоннок кардани ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод номидаанд.
Ҳамчунин, аз омодасозии Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо барои давраи то соли 2026 изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Таҳсил дар Фаронса

Кишвардорон ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ тавҷҷуҳ кардаанд.
Дар ин робита масоили густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
 Председатель Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Густариши ҳамкориҳои Фаронса ва Хатлон: омодасозии омӯзгорони забони фаронсавӣ ва содирот
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносиро муҳокима кардаанд.

Амнияти Афғонистон - омили суботи минтақа

Бино ба гузориши манбаъ, ҳамчунин дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва башарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

"Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон дар робита ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад", - омадааст дар гузориш.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва башарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд.
Лентаи хабарҳо
0