https://sputnik.tj/20211113/koronavirus-omor-covid-tojikiston-1043519670.html
Боз як нафар дар Тоҷикистон гирифтори коронавирус шуд: омори нав
Боз як нафар дар Тоҷикистон гирифтори коронавирус шуд: омори нав
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар 24 соати ахирро нашр намуд
2021-11-13T09:02+0500
2021-11-13T09:02+0500
2021-11-13T08:58+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512204_0:147:2825:1736_1920x0_80_0_0_3f371559ea695a6674a4f5e54faf0a35.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як нафари дигар гирифтори коронавирус шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта як ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус миёни шаҳрвандон сабт гашт.Ҳамзамон 3 нафари дигар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд.Рӯзи 11- уми ноябр низ вазорат аз гирифтор шудани ду нафар хабар дода буд.Ба ҳамин минвол аз замони пайдоиши ин маризӣ дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 17 091 нафар гирифтори он гардиданд, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфтанд.Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID - 19-ро наҷот дода натавонистанд.Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 расман таъйид шуд.Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, бо ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Спутник V" моякӯбӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20211110/sjb-shart-poyon-pandemiya-1043397899.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512204_51:0:2562:1883_1920x0_80_0_0_ae934a1658581b7145fb9386276b0775.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус омори covid-19 тоҷикистон
коронавирус омори covid-19 тоҷикистон
Боз як нафар дар Тоҷикистон гирифтори коронавирус шуд: омори нав
Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар 24 соати ахирро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як нафари дигар гирифтори коронавирус шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта як ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус миёни шаҳрвандон сабт гашт.
Ҳамзамон 3 нафари дигар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд.
Рӯзи 11- уми ноябр низ вазорат аз гирифтор шудани ду нафар хабар дода буд.
Ба ҳамин минвол аз замони пайдоиши ин маризӣ дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 17 091 нафар гирифтори он гардиданд, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфтанд.
Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID - 19-ро наҷот дода натавонистанд.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 расман таъйид шуд.
Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, бо ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Спутник V" моякӯбӣ мешаванд.