https://sputnik.tj/20211110/sjb-shart-poyon-pandemiya-1043397899.html
СҶБ шарти поёни пандемияро эълон кард
СҶБ шарти поёни пандемияро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Мудири Аврупоии СҶБ Ҳанс Клуге гуфтааст, ин созмон замоне аз анҷоми пандемия хабар медиҳад, ки сарбории дармонгоҳҳо ба маротиб коҳиш ёбад 10.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-10T14:13+0500
2021-11-10T14:13+0500
2021-11-10T18:38+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
сҷб
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039856920_0:164:3059:1885_1920x0_80_0_0_96a099691c79e277bfe4f98bc7a6a481.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Замоне ки сарбории системаи тандурустӣ дар робита ба бемории коронавирус сабук шавад, СҶБ эҳтимол поёни пандемияро эълон кунад. Дар ин бора мудири дафтари аврупоии СҶБ Ҳанг Клюге ба рӯзномаи "La Vanguardia" хабар додаастБа гуфтаи ӯ, тибқи "баҳодиҳии одилонаи муътамад", то моҳи феврали соли оянда, агар тамоюли паҳншавии сироят тағйир наёбад, дар минтақаи Аврупо бар асари ин беморӣ боз ним миллион нафари дигар мефавтад.Номбурда далели бидуни ҳал мондани ин мушкилиро ба ҷараёни сусти моякӯбӣ рабт дод.Дар идома ӯ зикр намуд, ки агар қаблан мушкили асосӣ мавҷуд набудани ваксин буд, ҳоло ин мушкилӣ ҳал шуд, аммо мардум намехоҳанд аз он истифода баранд, "зеро ба ҳар гуна маълумоти бардурӯғ бовар мекунанд.Пандемияи коронавирус ҳамоно дар ҷаҳон доман задааст ва дар аксари кишварҳо вазъият ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст. Дар Тоҷикистон пас аз чанд ҳафтаи бидуни ковидӣ, шабонарӯзи гузашта ду ҳолати нав сабт гардид. Вазорат бо нашри омори нав изҳор дошт, ки дар 24 соати ахир ду бемори коронавирус шифо ёфт. Ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар бемороне ҳастанд, ки рӯзи 15 октябр вазорат аз мариз шудани онҳо хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20211108/komarovkiy-vaksina-koronavirus-1043321310.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039856920_164:0:2895:2048_1920x0_80_0_0_71d7f843c14e92d5e8da47e5d8cf559f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, тандурустӣ, сҷб, коронавирус
дар ҷаҳон, тандурустӣ, сҷб, коронавирус
СҶБ шарти поёни пандемияро эълон кард
14:13 10.11.2021 (Навсозишуда: 18:38 10.11.2021) Мудири Аврупоии СҶБ Ҳанс Клуге гуфтааст, ин созмон замоне аз анҷоми пандемия хабар медиҳад, ки сарбории дармонгоҳҳо ба маротиб коҳиш ёбад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Замоне ки сарбории системаи тандурустӣ дар робита ба бемории коронавирус сабук шавад, СҶБ эҳтимол поёни пандемияро эълон кунад. Дар ин бора мудири дафтари аврупоии СҶБ Ҳанг Клюге ба рӯзномаи "La Vanguardia" хабар додааст
"Мо бояд бо ковид зиндагӣ карданро ёд гирем. Ҳамин ки системаи тандурустӣ аз беморону ҳолатҳои фавт аз коронавирус сабук шуд, пандемия ба эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар минтақа) табдил меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи "баҳодиҳии одилонаи муътамад", то моҳи феврали соли оянда, агар тамоюли паҳншавии сироят тағйир наёбад, дар минтақаи Аврупо бар асари ин беморӣ боз ним миллион нафари дигар мефавтад.
Номбурда далели бидуни ҳал мондани ин мушкилиро ба ҷараёни сусти моякӯбӣ рабт дод.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки агар қаблан мушкили асосӣ мавҷуд набудани ваксин буд, ҳоло ин мушкилӣ ҳал шуд, аммо мардум намехоҳанд аз он истифода баранд, "зеро ба ҳар гуна маълумоти бардурӯғ бовар мекунанд.
Пандемияи коронавирус ҳамоно дар ҷаҳон доман задааст ва дар аксари кишварҳо вазъият ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Дар Тоҷикистон пас аз чанд ҳафтаи бидуни ковидӣ, шабонарӯзи гузашта ду ҳолати нав сабт гардид. Вазорат бо нашри омори нав изҳор дошт, ки дар 24 соати ахир ду бемори коронавирус шифо ёфт. Ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар бемороне ҳастанд, ки рӯзи 15 октябр вазорат аз мариз шудани онҳо хабар дода буд.