https://sputnik.tj/20211113/bozdosht-shahrvandon-afghoniston-rusiya-1043524166.html
Боздошти шаҳрвандони Афғонистон дар марзи Қазоқистону Русия
Боздошти шаҳрвандони Афғонистон дар марзи Қазоқистону Русия
Sputnik Тоҷикистон
Барои дастгир кардани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти махсус анҷом доданд
2021-11-13T14:14+0500
2021-11-13T14:14+0500
2021-11-15T19:31+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
қазоқистон
шаҳрвандон
боздошт
марз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_0:0:3006:1691_1920x0_80_0_0_4e65845a04ef61dad980e9cf9887d43c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Нуҳ шаҳрванди Афғонистон, ки аз вилояти Қазоқистони Ғарбӣ омада, марзи Русияро ғайриқонунӣ убур кардаанд, боздошт шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба нашрияи "МОЙ ГОРОД". Ба навиштаи манбаъ, моҳи октябри соли ҷорӣ 9 шаҳрванди Афғонистон марзи Қазоқистонро эҳтимолан дар минтақаи Ҷамбул ғайриқонунӣ убур кардаанд. Тибқи иттилои пешакӣ, афғонҳоро нерӯҳои амниятии Русия боздошт кардаанд. Баъдан иттилоъ дар бораи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистонро Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тасдиқ кард. Раёсат хабар дод, ки ин далел аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати КДАМ дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ моҳи октябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи қисми 2 моддаи 394-и Кодекси ҷиноӣ "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" тафтишоти пешакӣ идома дорад. Президенти Ӯзбекистон: Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбадМутобиқи қисми 2 моддаи 394 Кодекси ҷиноятӣ ин кирдорест, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст. Бар асоси ин модда, ҳуқуқвайронкунандагонро то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
https://sputnik.tj/20211113/hushdori-sjb-kudak-afghon-qahti-1043522875.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_296:0:2927:1973_1920x0_80_0_0_ea9611906774015c6ca214fd3322665c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, афғонҳо, русия, қазоқистон, марз
боздошт, афғонҳо, русия, қазоқистон, марз
Боздошти шаҳрвандони Афғонистон дар марзи Қазоқистону Русия
14:14 13.11.2021 (Навсозишуда: 19:31 15.11.2021) Барои дастгир кардани вайронкунандагони қавонини марзӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти махсус анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Нуҳ шаҳрванди Афғонистон, ки аз вилояти Қазоқистони Ғарбӣ омада, марзи Русияро ғайриқонунӣ убур кардаанд, боздошт шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба нашрияи "МОЙ ГОРОД".
Ба навиштаи манбаъ, моҳи октябри соли ҷорӣ 9 шаҳрванди Афғонистон марзи Қазоқистонро эҳтимолан дар минтақаи Ҷамбул ғайриқонунӣ убур кардаанд.
"Онҳо тамоми манотиқи ҷумҳуриро тай карда, дар наздикии деҳаи Даринское дар ноҳияи Байтерек марзро ғайриқонунӣ убур карданд", - навиштааст расонаҳои маҳаллӣ.
Тибқи иттилои пешакӣ, афғонҳоро нерӯҳои амниятии Русия боздошт кардаанд.
Баъдан иттилоъ дар бораи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистонро Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тасдиқ кард.
Раёсат хабар дод, ки ин далел аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати КДАМ дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ моҳи октябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи қисми 2 моддаи 394-и Кодекси ҷиноӣ "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мутобиқи қисми 2 моддаи 394 Кодекси ҷиноятӣ ин кирдорест, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст.
Бар асоси ин модда, ҳуқуқвайронкунандагонро то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.