https://sputnik.tj/20211113/hushdori-sjb-kudak-afghon-qahti-1043522875.html
Афғонистонро танҳо раҳо накунед: ҳушдор аз хатари марги кӯдакон дар пайи сардиву қаҳтӣ
Афғонистонро танҳо раҳо накунед: ҳушдор аз хатари марги кӯдакон дар пайи сардиву қаҳтӣ
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, агар фавран чора набинем, дар Афғонистон марги кӯдаконро бештар хоҳем дид
2021-11-13T12:43+0500
2021-11-13T12:43+0500
2021-11-15T20:42+0500
афғонистон
сҷт
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/56/1031165634_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_f389ab568c553eb898fa36f1eb2a5f64.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Интизор меравад, то поёни соли ҷорӣ ҳудуди 3 миллиону 200 ҳазор кӯдак дар Афғонистон бо камбуди шадиди ғизо рӯ ба рӯ шаванд, ки як миллион аз ин теъдодро ҳамчунин сардии зимистон бо марг мувоҷеҳ месозад, мегӯяд, Маргарет Ҳаррис, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт. Маргарет Ҳаррис зимни як тамоси телефонӣ аз Кобул ба Женева ба хабарнигорон гуфт: "Ин як набарди сахт аст, қаҳтӣ кишварро фаро гирифтааст... Ҷаҳон набояд Афғонистонро раҳо ва оқибати онро таҳаммул кунад".Вай афзуд, "ҳаво шабона аз сифр поин шуда, интизор меравад, ки пиронсолон ва ҷавонон гирифтори бемориҳои дигар шавад." Ӯ қайд кард, ки мардум дар баъзе ҷойҳо дарахтонро барои сӯзишворӣ мебуранд. Қаблан чанд созмони имдодии байналмилалӣ дар бораи гуруснагӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд, вале чун "Толибон"* Кобулро ба тасарруфи худ гирифтанд, ин кишвар аз хушксолӣ ва буҳрони иқтисодӣ дар набуди кумакҳои хориҷӣ ранҷ мебарад. Бахши беҳдошти Афғонистон низ ба хусус дар набудани кормандони беҳдошт ба далели напардохтани маошашон осеб дидааст.
https://sputnik.tj/20211107/smm-to-soli-oyanda-23-million-afghonistoni-ba-buhroni-ghizoi-ru-ba-ru-meshavad-1043297543.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/56/1031165634_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a3a9f110089836b41cb0ff830227c7ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистонро ҳушдор хатари марг кӯдакон
афғонистонро ҳушдор хатари марг кӯдакон
Афғонистонро танҳо раҳо накунед: ҳушдор аз хатари марги кӯдакон дар пайи сардиву қаҳтӣ
12:43 13.11.2021 (Навсозишуда: 20:42 15.11.2021) Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, агар фавран чора набинем, дар Афғонистон марги кӯдаконро бештар хоҳем дид
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Интизор меравад, то поёни соли ҷорӣ ҳудуди 3 миллиону 200 ҳазор кӯдак дар Афғонистон бо камбуди шадиди ғизо рӯ ба рӯ шаванд, ки як миллион аз ин теъдодро ҳамчунин сардии зимистон бо марг мувоҷеҳ месозад, мегӯяд, Маргарет Ҳаррис, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт.
Маргарет Ҳаррис зимни як тамоси телефонӣ аз Кобул ба Женева ба хабарнигорон гуфт: "Ин як набарди сахт аст, қаҳтӣ кишварро фаро гирифтааст... Ҷаҳон набояд Афғонистонро раҳо ва оқибати онро таҳаммул кунад".
Вай афзуд, "ҳаво шабона аз сифр поин шуда, интизор меравад, ки пиронсолон ва ҷавонон гирифтори бемориҳои дигар шавад."
Ӯ қайд кард, ки мардум дар баъзе ҷойҳо дарахтонро барои сӯзишворӣ мебуранд.
"Агар мо ба зудӣ амал накунем, шоҳиди марги кӯдакони бештар дар Афғонистон хоҳем шуд",- гуфт Ҳаррис.
Қаблан чанд созмони имдодии байналмилалӣ дар бораи гуруснагӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд, вале чун "Толибон"* Кобулро ба тасарруфи худ гирифтанд, ин кишвар аз хушксолӣ ва буҳрони иқтисодӣ дар набуди кумакҳои хориҷӣ ранҷ мебарад.
Бахши беҳдошти Афғонистон низ ба хусус дар набудани кормандони беҳдошт ба далели напардохтани маошашон осеб дидааст.