Ҳавои рӯзҳои истироҳат барои сокинони Тоҷикистон армуғон меорад

© Sputnik / Амир ИсаевГород Рогун с высоты
Город Рогун с высоты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳат сокинони як қисмати ҷумҳуриро ҳавои гарму хушк ва қисмати дигарро борону ҳарорати поин интизор аст
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳаво дар рӯзҳои истироҳат дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба таври куллӣ фарқ мекунад.
Ҳаво дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ наздик ба рӯзи якшанбе бад мешавад.
Агар рӯзи шанбе, 13 ноябр боришот пешгӯӣ намешавад, дар баъзе ҷойҳо меҳи сабук ба вуҷуд меояд ва ҳаво шабона 1-3 дараҷа, рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи дигар ҳаво 10 дараҷа гарм мешавад.
Илова бар ин, боришоти борони суст пешгӯӣ мешавад, аммо шабона бебориш мешавад. Ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ манзараи монанд мушоҳида мешавад. Ҳаво абрӣ, шабона бебориш, рӯзона баъзан борони суст меборад, ки чангу ғуборро нест мекунад. Афзун бар ин манзара бод то 15 метр дар як сония хоҳад вазид.
Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Қуми биёбони Қазоқистон ҳавои Суғдро чанголуд кард
Дар водиҳо 14 ноябр борони суст ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад ва ҳарорати ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ ва дигар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзҳои истироҳат ҳаво мусоид мешавад. Бориш дар назар нест, аммо ҳарорати ҳаво то чанд дараҷа поин хоҳад рафт.
Дар ВМКБ шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 15 то 7 дараҷа сард мешавад. Дар Мурғоб нимаабрӣ, бебориш, шабона то 19 дараҷа хунук ва рӯзона 1 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0