Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон метавонад мусоидат кунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони тозатаъйин дар Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон омодааст, имконияти васеи ҳамлу нақли худро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба Афғонистон пешниҳод намояд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш бо сафирони навтаъйин таъкид кард, ки буҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, боиси ташаннуҷи авзоъ дар минтақа гардидааст.
“Тоҷикистон омодааст, имконияти васеи ҳамлу нақли худро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздики худ пешниҳод намояд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки қаламрави Афғонистон ҳамоно манбаи паҳншавии хатару таҳдидҳои муосир боқӣ мемонад ва Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, дар саргаҳи муқовимат ба онҳо қарор дорад.
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Кумак кунед: ҳушдори дабири СММ аз табдил шудани Афғонистон ба бузургтарин бӯҳрони инсонӣ
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон аз чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидашаванда ёдовар шуданд.
Инчунин зимни суханронӣ дар маросими эътимодномасупорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19, таъсири буҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳо, мавзӯи доғи рӯз — тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи энергияи “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ андешаронӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0