Патрушев шумораи террористонро дар Афғонистон эълон кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев натиҷаҳои ҷаласаи идороти минтақаӣ дар Ҳиндустонро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар пайи як нишаст дар Деҳлӣ ба хабарнигорон гуфт, таҳдиди аслӣ аз Афғонистон терроризм аст.
Вай гуфт, ки тибқи ҳисобҳои гуногун, феълан дар Афғонистон беш аз 20 сохтори террористӣ фаъол аст.
Шумораи умумии террористон дар ин кишвар, ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, аз 23 ҳазор бештар аст.
Патрушев ҳамчунин ба қочоқи маводи мухаддир дар минтақа таваҷҷуҳ карда гуфт, ки даромад аз ин роҳ то ҳол манбаи асосӣ барои фаъолиятҳои террористӣ боқӣ мемонад.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Патрушев иқдомот алайҳи таҳдидҳои бархоста аз Афғонистонро муҳим хонд
"Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки он то 90 дарсади бозори ҷаҳониро таъмин мекунад", - гуфт котиби Шӯрои амнияти Русия.
Ёдовар мешавем, 10 ноябр дар пойтахти Ҳиндустон нишасти котибони шӯроҳои амният баргузор шуд. Пас аз анҷоми ҷаласа изҳороте иборат аз 12 банд аз тарафи онҳо ба имзо расид.
Ин нишаст бо ширкати намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барпо шуд.
Намояндагони ин кишварҳо бар зарурати эҳёи Афғонистони осоишта бо риояи принсипҳои фарогир дар ҳукумат таъкид карда, ҳамчунин таҳдидҳои рӯёрӯи минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лентаи хабарҳо
0