Патрушев иқдомот алайҳи таҳдидҳои бархоста аз Афғонистонро муҳим хонд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия аз афзоиши майдонҳои байналмилалӣ барои баррасии вазъи Афғонистон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия аз баргузории Муколамаи минтақавӣ дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Деҳлӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки чунин таҷриба бояд тавсеа дода шавад.
Патрушев афзуд, ки мулоқоти бисёрҷонибаи дабирони амниятӣ дар масоили Афғонистон формати мувофиқ барои баррасӣ ва таҳияи аксуламалҳои хатарҳои бархоста аз ин кишвар мебошад.

"Муҳим аст, ки дар сатҳи баланд тамоми мушкилоти марбути Афғонистон баррасӣ гардаду иқдомоте алайҳи чолишу таҳдидҳо аз Афғонистон рӯи даст гирифта шавад", - илова намуд ӯ.

Дабири Шӯрои амнияти Русия пешниҳод намуд, ки чунин мулоқотҳо бо вуруди масоили мубрами дигари минтақаӣ дар барнома тавсеа дода шаванд.
Муколама дар шаҳри Деҳлӣ бо иштироки намояндагони мақомоти амниятии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон феълан ҷараён дорад.
Насурулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ин мулоқот изҳор дошт, Тоҷикистон чун ҳамсояи Афғонистон омодааст, дар тамоми барномаҳое, ки метавонанд ба мардуми ин кишвар кумак кунанд, иштирок намояд.
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Тоҷикистон омодагияшро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошту аз хатарҳо ҳушдор дод
Маҳмудзода аз марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон зикр намуда, ҳушдор додааст, ки вазъи феълӣ таҳдидҳои иловагӣ барои қочоқи маводи мухаддир ва терроризмро эҷод мекунад. Ӯ афзуд, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад.
Вазъ дар Афғонистон баъди сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон муташанниҷ шуда, бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла раисҷумҳури собиқ, Ашраф Ғанӣ ва мақомдорони дигар ба хориҷ фирор карданд.
Лентаи хабарҳо
0