https://sputnik.tj/20211111/muallifi-tarikhi-khalqi-tojik-darguzasht-1043484586.html
Муаллифи "Таърихи халқи тоҷик" даргузашт
Муаллифи "Таърихи халқи тоҷик" даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҷон Мирбобоев, ки яке аз муаллифони китоби "Таърихи халқи тоҷик" мебошад, дар синни 82 -солагӣ ҷаҳони фониро падруд гуфт 11.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-11T16:00+0500
2021-11-11T16:00+0500
2021-11-11T16:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
профессор
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a87040d9ad4dbbee9a1d7a6609b3d152.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои таъриф, профессор Абдуллоҷон Мирбобоев аз олам даргузашт, хабар медиҳад "Pressa. tj".Марҳум 82 сол дошт ва иллати марги ӯ ифшо нашудааст.Профессор Мирбобоев соли 1939 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ яке аз олимони маъруфи тоҷик буд, ки дар таҳқиқи мадрасаҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Марҳум соли 1969 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин хатм намуда, сипас дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда ва беш аз сӣ сол дар ин заҳмат кашид.Соли 2000 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси профессор ба кор шурӯъ карда, аз соли 2002 мудири кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ- ро бар ӯҳда дошт.Маврид ба зикр аст, ки Мирбобоев ҳанӯз солҳои 1971-1974 дар ҳайати байналмилалии муштараки бостоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар ҳафриёти шимоли давлати ҳамсоя ширкат варзид.Ӯ яке аз муаллифони аслии "Таърихи халқи тоҷик" маҳсуб ёфта, дар маҷмӯъ соҳиби наздик ба 800 осори илмӣ ва оммавӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20211111/darguzasht-ruznomanigor-maruf-tojik-1043470436.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_143:0:1920:1333_1920x0_80_0_0_d8d95b3c0d34d94f58fbba70f5b2cf79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, профессор, даргузашт
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, профессор, даргузашт
Муаллифи "Таърихи халқи тоҷик" даргузашт
Абдуллоҷон Мирбобоев, ки яке аз муаллифони китоби "Таърихи халқи тоҷик" мебошад, дар синни 82 -солагӣ ҷаҳони фониро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои таъриф, профессор Абдуллоҷон Мирбобоев аз олам даргузашт, хабар медиҳад "Pressa. tj".
Марҳум 82 сол дошт ва иллати марги ӯ ифшо нашудааст.
Профессор Мирбобоев соли 1939 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ яке аз олимони маъруфи тоҷик буд, ки дар таҳқиқи мадрасаҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
Марҳум соли 1969 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин хатм намуда, сипас дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда ва беш аз сӣ сол дар ин заҳмат кашид.
Соли 2000 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси профессор ба кор шурӯъ карда, аз соли 2002 мудири кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ- ро бар ӯҳда дошт.
Маврид ба зикр аст, ки Мирбобоев ҳанӯз солҳои 1971-1974 дар ҳайати байналмилалии муштараки бостоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар ҳафриёти шимоли давлати ҳамсоя ширкат варзид.
Ӯ яке аз муаллифони аслии "Таърихи халқи тоҷик" маҳсуб ёфта, дар маҷмӯъ соҳиби наздик ба 800 осори илмӣ ва оммавӣ мебошад.