"Сукути охирин": даргузашти рӯзноманигори маъруфи тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Отамуроди Бекмурод, журналисти шинохтаи тоҷик дар синни 66-солагӣ олами фониро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Ӯ ба насле аз рӯзноманигорони тоҷик тааллуқ дошт, ки дар замони бозсозии горбачевӣ аввалин зангӯлаҳои бедории миллиро ба садо дароварда буд.
Комрони Бекмурод, яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қабл аз марг ҳеҷ нишоне аз маризӣ дар ӯ дида намешуд ва то лаҳзаҳои охирин марҳум сари по буд.
"Сари дастурхон нишаста буданд, ки чашм пӯшиданду ба сукут рафтанд. Фарзандонашон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дигар ҳаракат ва ба муроҷиатҳои онҳо вокуниш намекунанд. Ҳамин гуна орому одӣ моро тарк карданд", - гуфт ӯ.
Отамуроди Бекмурод 13 майи соли 1955 дар деҳаи Угуки ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), дар хонаводаи омӯзгор дида ба ҷаҳон кушода, ҳанӯз дар замони мактабӣ модарашро аз даст дод.
15 сол дошт, ки нахустин матлабаш дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, он замон танҳо нашрияи синфҳои болоии мактабҳои Тоҷикистон ба чоп расид.
Соли 1972 ба бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, пас аз хатми он вориди майдони журналистика шуд ва беш аз 40 сол дар ин соҳа кор кард.
Муллокӯчакбоқӣ Муллоҷонов, куҳансарбоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Муллокӯчакбоқӣ Муллоҷонов, охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Мастчоҳ даргузашт
Нахуст ӯ дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон”, ки охири солҳои 80-уми асри гузашта ба “Ҷавонони Тоҷикистон” табдили ном кард, ба кор даромада, аз хабарнигори одӣ то котиби масъули ин рӯзнома кор кард. Ин дуруст замоне буд, ки ин нашрия дар саргаҳи бедории миллии Тоҷикистон қарор дошт.
Соли 1990, замоне ки нашрияи “Паёми Душанбе”-и шаҳрдории Душанбе таъсис ёфт, муовини сардабир интихоб шуд. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ӯ “Шоҳмансур”, нашрияи расмии ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо таъсис дода, беш аз 10 сол сардабир ва ҳамзамон сухангӯи раиси ин ноҳия буд.
Отамуроди Бекмурод дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар вазифаҳои мудири шуъбаи муроҷиатҳову қабули шаҳрвандон ва мудири шуъбаи дину танзими расму ойинҳои ҳукумати ноҳия низ фаъолият намуда, солҳои ахир даврони пирӣ меронд. Ҷанозаи ӯ 10 ноябр дар зодгоҳаш – деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0