Эргашев гуфт, ки футболбозони тоҷик дар бозӣ бо Қазоқистон чӣ душворӣ доранд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков Мубин Эргашев
Мубин Эргашев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Мураббии муваққатии тими миллии Тоҷикистон ба маҳорати рақибони ояндаи дастпарваронаш баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мубин Эргашев, мураббии муваққати тими футболи Тоҷикистон дар як муколама бо сомонаи "Sports.kz" интизориҳои худро аз бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон баён кард.
Ӯ гуфт, ки дар муошират бо бозигарон ягон душвории махсусро намебинад, чун мураббӣ тӯли фаъолиятиаш бо онҳо сарукор доштааст.
Сарфи назар аз он ки дар ҳайати тим бозингарони пурқувват ҳастанд, душвориҳо ба амал меоянд.

"Тими миллӣ беш аз шаш моҳ боз ҷамъ наомадааст ва бозигарон дар сатҳҳои гуногуни омодагӣ қарор доранд. Масалан, баъзе бачаҳо таҷрибаи кофии бозиро надоранд. Дар баъзе чемпионатҳо, бозиҳо ба охир расиданд, баъзеҳо аз сабаби пандемия танаффусҳои тӯлонӣ доштанд", - гуфт мутахассис.

Эргашев афзуд, ки ҳамаи бозигарон ба даъвати тими миллӣ бо хоҳиши зиёд посух доданд, ки ин хушхабар аст.
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Эълони ҳайати тими футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо Қазоқистон: даъвати 10 легионер
Мураббӣ ҳамчунин ёдовар шуд, ки ӯ аз 8 кишвар бозигарони хориҷиро ба бозӣ даъват намуда, ки ҷиддияти бозии дӯстонаро нишон медиҳад.
"Шумо тасаввур намекунед, ки ҷомеаи мо то чӣ андоза ба бозиҳои дастаҳои миллӣ - аз синни 16-сола сар карда, таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҳоло он ки ин тими миллӣ аст. Ҳар як бозӣ дар либоси тими миллӣ барои бозигар як ангезаи бузург аст", — гуфт мураббӣ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, Қазоқистон дар ҳайати тими миллии кишвараш бозигарони хеле қавӣ дорад ва дар ин зимн ӯ аз Бахтиёр Зайнутдинов ва Георгий Жуков ном гирифт.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Манбаъ номзадҳои эҳтимолӣ барои раҳбарии тими миллии футболи Тоҷикистонро гуфт
Ёдовар мешавем, ки 16 ноябр бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Ин аввалин дидори дастаҳо дар ҳафт сол ва бозии охирин барои футболбозон дар соли 2021 хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0