Эълони ҳайати тими футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо Қазоқистон: даъвати 10 легионер

© ФФТОлимпийская сборная Таджикистана (U-23)
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Ба тими миллии Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо мунтахаби миллии футболи Қазоқистон 10 легионер даъват шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар бозии дӯстона бо тими Қазоқистон дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 легионери даъватшуда ва таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Мубин Эргашев дар шаҳри Нурсултон вориди майдон мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Эргашев ба ин бозӣ, ки 16 ноябр дар назар аст, 21 бозигарро ҷалб кардааст. Дар ин феҳраст аз ҷумла 10 легионер шомиланд, ки дар бошгоҳҳои Ӯзбекистон, Эстония, Эрон, Булғористон, Қазоқистон, Индонезия, Белорус ва Малайзия ҳунарнамоӣ мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба бозии дӯстонаро тими миллии Тоҷикистон 11 ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз мекунад.
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
"Истиқлол" тасдиқ кард, ки ду бозингараш ба "Персеполис" пайвастанд - акс
Бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон 16 ноябр дар варзишгоҳои "Астана-Арена" - и шаҳри Нурсултон соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ ва 18:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар ин бозӣ дарвозабонҳо Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов, Далер Азизов, ҳимоятгарон - Давронҷон Эргашев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳаннонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев ва Алиҷон Кароматуллозода дохил мешаванд.
Дар феҳрасти нимҳимоятгарон аз Парвизҷон Умарбоев, Нуриддин Давронов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Шервонӣ Мабатшоев, Кароматулло Саидов зикр шудаанд.
Ба ҳайати ҳамлагарони тими миллӣ Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев, Манучеҳр Ҷалилов ва Ҷаҳонгир Эргашев ворид мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0