https://sputnik.tj/20211111/dostoevskiy-ghayrimuntazira--tanzpardoz-tund-muallifi-dostonho-detektivi-1043490337.html
Достоевскийи ғайримунтазира – танзпардози тунд ва муаллифи достонҳои детективӣ
Достоевскийи ғайримунтазира – танзпардози тунд ва муаллифи достонҳои детективӣ
Sputnik Тоҷикистон
Тамоми ҷаҳон 200-солагии Достоевский, маъруфтарин нависандаи русро таҷлил мекунад. Имруз Фёдор Михайлович аз ҳарвақта дида бештар муҳимтар аст.
2021-11-11T19:00+0500
2021-11-11T19:00+0500
2021-11-11T19:00+0500
дар ҷаҳон
роман
адибон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0b/1043485364_0:488:2774:2048_1920x0_80_0_0_2cdd8c42db3ff082ef15d9f88db6e974.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik, Павел Сурков. Ӯ на он танҳо ахлоқпардоз, балки хамчун танзнависи тунд ва детективнависи асри 19 низ ҳаст.Олимон ва публитсистон дар таҳқиқи Достоевский аксари вақт ба чиҳатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии эҷодиёти у диққат медиҳанд. Ва дар ин ҷо ба назар чунин мерасад, ки тамоми мазмуни фалсафии Фёдор Михайловичро нақди адабӣ комилан ошкор мекунад.Аммо паҳлуи афсонавӣ ва гоҳе ҳаҷвии ӯ аз пажуҳишҳои касбӣ дар канор монд. Зимнан падидаи нависанда, аз ҷумла эътирофи ҷаҳонии ӯ бештар ба сужаи осори ӯ асос ёфтааст.Фёдор Михайлович инро комилан фаҳмида, барои роман яке аз шаклхои маъмултарин ва то имрӯз адабиро интихоб кард. Охир, агар ба он назар андозед, аксари асарҳои ӯ аслан детективӣ буда, сужаи аҷиб доранд.Ана, "Ҷиноят ва ҷазо" — на танҳо як ҳикояи детективӣ, балки таҳқиқ ва пушаймонӣ, имкони вазъиятро аз назари ҷинояткор баррасӣ кардан аст: муаллиф дар ҳақиқат моро дохили кӯчаи сарбастаи хаёл мегузорад. Достоевский танҳо бо шарофати истеъдоди адабии худ чунин матни образнок низ меофарад, ки мо на танҳо ангезаи Расколниковро дарк мекунем, балки ба олами ҳиссиётии хоси ӯ наздик шуда метавонем.Романи дигари ӯ низ ҳамин тавр аст: "Аҳмақ" як достони детективӣ аст, ки дар он мебинем, қотил Рогожин ба ҷиноят чӣ гуна наздик мешавад, як силсила воқеаҳо ӯро ба нуқтаи бебозгашт мерасонад. "Шаётин" ривояти ниҳоят печида дар бораи як ҳастаи террористӣ аст. "Бародарон Карамазовҳо" як детективи криминалистии комилан таҳияшуда аст, ки дар он ҳар яке аз қаҳрамонҳо ангезае барои куштани падари худро дорад.Албатта, адабиётшиноси варзида метавонад ин назарро сатҳӣ гӯяд, вақте чиҳатҳои ахлоқӣ ва фалсафии асар таҳт-уш-шуо қарор мегирад.Аммо хонанда аз паи он аст, ки пеш аз ҳама сужа, умқи тафаккури муаллиф барои ӯ тадриҷан ошкор мешавад. Ва маҳорати Достоевский хамчун офарандаи сужа аслан зери шубҳа нест.Худи ӯ инро ба таври комил дарк мекард ва баъзан тасмим мегирифт, ки дар асарҳои худ бо рақибон рӯ ба рӯ шавад. Маҳз дар ин ҷо Достоевскийи тамоман ношинос пайдо шуд: танзнависи тезутунд.Масалан, "Тимсоҳ" як ҳикояи ҷолиб ва хандовар аст. Сухан дар бораи он аст, ки чӣ тавр як мансабдори хурд селули ҳайвонот рафта, дар он ҷо хазандаеро масхара кардааст ва вай ӯро фурӯ мебарад. Дар натиҷа қаҳрамон аз даҳони ҳайвон мегӯяд, вай дар дохили он бароҳат, гарму хуб аст.Мақомот аз ҳама гумонбар мешаванд: хуб, чӣ тавр аз баъзеҳо, худо накунад, майлҳои либералӣ дар тимсоҳ пинҳон шуд? Дар симои чунин шахси мансабдор пародияи бади Чернишевскийро диданд. Достоевский дар "Рӯзномаи як нависанда" худро аз иттиҳомот дифоъ карда, итминон дод, он тасвири қаҳрамони мушаххасе нест.Дар ин ҷо классикро бовар кардан лозим аст. Албатта, ин образи Чернишевскийи конкретӣ не, балки образи ҷамъист. Як ғарбии хурдагир, ки аз тафаккур дар ҷаҳон воқеӣ маҳрум аст, даруни тимсоҳ бошад, беҳтар аст.Дар натиҷа ӯ ҳама гуна мавҷудиятро қабул мекунад. Ва ҳатто аз дохили хазанда солим ва нисбатан безарар мебарояд. Ва боз ӯ ба ҳама итминон медиҳад, медонад, ки ҳама чиз дар воқеият чӣ гуна бояд тартиб дода шавад.Юрий Тинянов, ки Достоевский ва пародияи Гоголро таҳқиқ карда буд, баъдтар, пас аз таҳқиқи "Баргузидае аз мукотиба бо дӯстон" ба натиҷае расид, ки Достоевский гузаштаи бузурги худро дар симои Фома Опискин овардааст.Ё нависанда Кармазинов дар "Шаётин" ҳаҷви қариб руи рост аст. Вай достони "Мерси"-и худро мехонад, ки пур аз тасвири табиат, хотираҳои ишқи аввал, бастакорони хориҷӣ мебошад. Тааҷҷубовар нест, бисёриҳо ин қаҳрамонро ҳамчун карикатураи Иван Тургенев мебинанд, ки Достоевский бо ӯ муносибати хуб надошт.Баъзан нависандагон ҳамдигарро неш мезаданд. Масалан, Тургенев ба Достоевский эпиграмма менавишту баъд Достоевский "Дуд"-ро сарзаниш мекард. Аммо Тургенев пас аз мутолиаи "Шаётин" ба ғазаб омад: дар симои Кармазинов карикатураи худро дид. Ва дар ин ҷо ҳатто оштии расмӣ ғайриимкон буд, гарчанде Достоевский барои беҳтар кардани муносибатҳо кӯшиш мекард.Ҳамаи ин унсурҳои тарҷумаҳолии Фёдор Достоевский, ки дар таҳқиқоти "тантанавӣ" баъзан зикр намешаванд, барои мо образи хеле амиқтару рӯшантари классикиро тасвир мекунанд.Мо имрӯз метавонем аз Достоевский чизе пайдо кунем ва бо ӯ вориди баҳс шавем. Худи ӯ ба ҳар ҳол ба ин омода буд ва аз хуҷумҳои танқидӣ худдорӣ намекард. Зиёда аз ин вай онҳоро бевосита дар матни асар инъикос карда метавонист.
https://sputnik.tj/20211007/gurnah-baranda-joiza-nobel-adabiyot-1042705590.html
https://sputnik.tj/20210514/ato-mirhoja-orden-nishon-qadrdoni-russia-1039443735.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0b/1043485364_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0f22408ead4059e8614c3365cfe83188.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
достоевский, адабиёт, нависанда, танз, русия, рус, адиб
достоевский, адабиёт, нависанда, танз, русия, рус, адиб
Достоевскийи ғайримунтазира – танзпардози тунд ва муаллифи достонҳои детективӣ
Тамоми ҷаҳон 200-солагии Достоевский, маъруфтарин нависандаи русро таҷлил мекунад. Имруз Фёдор Михайлович аз ҳарвақта дида бештар муҳимтар аст.
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik, Павел Сурков. Ӯ на он танҳо ахлоқпардоз, балки хамчун танзнависи тунд ва детективнависи асри 19 низ ҳаст.
Олимон ва публитсистон дар таҳқиқи Достоевский аксари вақт ба чиҳатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии эҷодиёти у диққат медиҳанд. Ва дар ин ҷо ба назар чунин мерасад, ки тамоми мазмуни фалсафии Фёдор Михайловичро нақди адабӣ комилан ошкор мекунад.
Аммо паҳлуи афсонавӣ ва гоҳе ҳаҷвии ӯ аз пажуҳишҳои касбӣ дар канор монд. Зимнан падидаи нависанда, аз ҷумла эътирофи ҷаҳонии ӯ бештар ба сужаи осори ӯ асос ёфтааст.
Фёдор Михайлович инро комилан фаҳмида, барои роман яке аз шаклхои маъмултарин ва то имрӯз адабиро интихоб кард. Охир, агар ба он назар андозед, аксари асарҳои ӯ аслан детективӣ буда, сужаи аҷиб доранд.
Ана, "Ҷиноят ва ҷазо" — на танҳо як ҳикояи детективӣ, балки таҳқиқ ва пушаймонӣ, имкони вазъиятро аз назари ҷинояткор баррасӣ кардан аст: муаллиф дар ҳақиқат моро дохили кӯчаи сарбастаи хаёл мегузорад. Достоевский танҳо бо шарофати истеъдоди адабии худ чунин матни образнок низ меофарад, ки мо на танҳо ангезаи Расколниковро дарк мекунем, балки ба олами ҳиссиётии хоси ӯ наздик шуда метавонем.
Романи дигари ӯ низ ҳамин тавр аст: "Аҳмақ" як достони детективӣ аст, ки дар он мебинем, қотил Рогожин ба ҷиноят чӣ гуна наздик мешавад, як силсила воқеаҳо ӯро ба нуқтаи бебозгашт мерасонад. "Шаётин" ривояти ниҳоят печида дар бораи як ҳастаи террористӣ аст. "Бародарон Карамазовҳо" як детективи криминалистии комилан таҳияшуда аст, ки дар он ҳар яке аз қаҳрамонҳо ангезае барои куштани падари худро дорад.
Албатта, адабиётшиноси варзида метавонад ин назарро сатҳӣ гӯяд, вақте чиҳатҳои ахлоқӣ ва фалсафии асар таҳт-уш-шуо қарор мегирад.
Аммо хонанда аз паи он аст, ки пеш аз ҳама сужа, умқи тафаккури муаллиф барои ӯ тадриҷан ошкор мешавад. Ва маҳорати Достоевский хамчун офарандаи сужа аслан зери шубҳа нест.
Худи ӯ инро ба таври комил дарк мекард ва баъзан тасмим мегирифт, ки дар асарҳои худ бо рақибон рӯ ба рӯ шавад. Маҳз дар ин ҷо Достоевскийи тамоман ношинос пайдо шуд: танзнависи тезутунд.
Масалан, "Тимсоҳ" як ҳикояи ҷолиб ва хандовар аст. Сухан дар бораи он аст, ки чӣ тавр як мансабдори хурд селули ҳайвонот рафта, дар он ҷо хазандаеро масхара кардааст ва вай ӯро фурӯ мебарад. Дар натиҷа қаҳрамон аз даҳони ҳайвон мегӯяд, вай дар дохили он бароҳат, гарму хуб аст.
Мақомот аз ҳама гумонбар мешаванд: хуб, чӣ тавр аз баъзеҳо, худо накунад, майлҳои либералӣ дар тимсоҳ пинҳон шуд? Дар симои чунин шахси мансабдор пародияи бади Чернишевскийро диданд. Достоевский дар "Рӯзномаи як нависанда" худро аз иттиҳомот дифоъ карда, итминон дод, он тасвири қаҳрамони мушаххасе нест.
Дар ин ҷо классикро бовар кардан лозим аст. Албатта, ин образи Чернишевскийи конкретӣ не, балки образи ҷамъист. Як ғарбии хурдагир, ки аз тафаккур дар ҷаҳон воқеӣ маҳрум аст, даруни тимсоҳ бошад, беҳтар аст.
Дар натиҷа ӯ ҳама гуна мавҷудиятро қабул мекунад. Ва ҳатто аз дохили хазанда солим ва нисбатан безарар мебарояд. Ва боз ӯ ба ҳама итминон медиҳад, медонад, ки ҳама чиз дар воқеият чӣ гуна бояд тартиб дода шавад.
Юрий Тинянов, ки Достоевский ва пародияи Гоголро таҳқиқ карда буд, баъдтар, пас аз таҳқиқи "Баргузидае аз мукотиба бо дӯстон" ба натиҷае расид, ки Достоевский гузаштаи бузурги худро дар симои Фома Опискин овардааст.
Ё нависанда Кармазинов дар "Шаётин" ҳаҷви қариб руи рост аст. Вай достони "Мерси"-и худро мехонад, ки пур аз тасвири табиат, хотираҳои ишқи аввал, бастакорони хориҷӣ мебошад. Тааҷҷубовар нест, бисёриҳо ин қаҳрамонро ҳамчун карикатураи Иван Тургенев мебинанд, ки Достоевский бо ӯ муносибати хуб надошт.
Баъзан нависандагон ҳамдигарро неш мезаданд. Масалан, Тургенев ба Достоевский эпиграмма менавишту баъд Достоевский "Дуд"-ро сарзаниш мекард. Аммо Тургенев пас аз мутолиаи "Шаётин" ба ғазаб омад: дар симои Кармазинов карикатураи худро дид. Ва дар ин ҷо ҳатто оштии расмӣ ғайриимкон буд, гарчанде Достоевский барои беҳтар кардани муносибатҳо кӯшиш мекард.
Ҳамаи ин унсурҳои тарҷумаҳолии Фёдор Достоевский, ки дар таҳқиқоти "тантанавӣ" баъзан зикр намешаванд, барои мо образи хеле амиқтару рӯшантари классикиро тасвир мекунанд.
Мо имрӯз метавонем аз Достоевский чизе пайдо кунем ва бо ӯ вориди баҳс шавем. Худи ӯ ба ҳар ҳол ба ин омода буд ва аз хуҷумҳои танқидӣ худдорӣ намекард. Зиёда аз ин вай онҳоро бевосита дар матни асар инъикос карда метавонист.