https://sputnik.tj/20210514/ato-mirhoja-orden-nishon-qadrdoni-russia-1039443735.html
Ато Мирхоҷа бо орден ва нишон қадрдонӣ шуд - акс
Ато Мирхоҷа бо орден ва нишон қадрдонӣ шуд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Иттифоқи нависандагони Русия шоири тоҷик, Ато Мирхоҷаро бо ордену нишон қадрдонӣ кардааст
2021-05-14T13:20+0500
2021-05-14T13:20+0500
2021-05-14T13:37+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
орден
шеър
шоир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039443416_0:279:2048:1431_1920x0_80_0_0_e8fde2f5216e09e11de7321b8e3b15db.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Русия Ато Мирхоҷаро барои тарҷумаи осори адибони рус бо ордени ба номи Сергей Есенин қадр намудааст. Инчунин Созмони ҷоизаи миллии адабии "Золотое перо" Ато Мирхоҷаро бо нишони Достоевский сарфароз кардааст. “Ман аз ҳамқаламони русам барои расиданашон ба қадри заҳматҳоям изҳори миннатдорӣ мекунам. Ин қадршиносӣ маро водор мекунад, ки ба кори тарғиби адабиёти бузурги рус боз ҳам ҷиддитар машғул шавам”, - изҳори миннатдорӣ намудааст Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбукияш. Мирхоҷа намунаҳое аз ашъори Александр Блок, Пушкин, Иван Переверзин (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метлитский (белорус), Сергей Сухоян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашидова (Доғистон)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз осори худи ӯ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, белорусӣ, арманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин, шеърҳои алоҳидаи Носири Хусрав, Мирсаид Миршакар, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҳайрат Шанбезода, Камол Насрулло ва драмаҳои Вилям Шекспир “Шоҳ Лир” ва Мирсаид Миршакар “Қишлоқи тиллоӣ”-ро ба шуғнонӣ тарҷума кардааст.Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ато Мирхоҷаи Нерӯ, 8 апрели соли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Бар асоси ҳолномааш, маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳааш фаро гирифта, дар мактаб-интернати деҳаи Муни ҷамоати деҳоти Навобод соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёна гардидааст. Соли 1980 вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1985 ба итмом расондааст.Ба иттилои сомонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа аз овони мактабхонӣ шеър менависад ва нахустин шеърҳои ӯ дар ҳамин овон бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар рӯзномаи “Бадахшони Советӣ” нашр гардидаанд.Соли 1991, бо мадади Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, нахустин силсилаи ашъораш дар китоби дастҷамъии "Боли парвоз" бо номи “Тасмаи мардон” ба чоп расидааст. Баъдан пайиҳам маҷмӯаҳои ашъори ӯ “Ишқ ва ашк” (2003), “Шакарганҷ” (2006) ва “Нафаси дувум” (2013) дастраси хонандагон шудаанд. Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20200419/Nashri-Subhi-begurub-majmai-ashori-Ato-Mirkhoja-1031093648.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039443416_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_bd4e31e62a0874132e98743ace20b9c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нависандагон, шоир, халқ, ато мирхоҷа
нависандагон, шоир, халқ, ато мирхоҷа
Ато Мирхоҷа бо орден ва нишон қадрдонӣ шуд - акс
13:20 14.05.2021 (Навсозишуда: 13:37 14.05.2021) Иттифоқи нависандагони Русия шоири тоҷик, Ато Мирхоҷаро бо ордену нишон қадрдонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Русия Ато Мирхоҷаро барои тарҷумаи осори адибони рус бо ордени ба номи Сергей Есенин қадр намудааст.
Инчунин Созмони ҷоизаи миллии адабии "Золотое перо" Ато Мирхоҷаро бо нишони Достоевский сарфароз кардааст.
“Ман аз ҳамқаламони русам барои расиданашон ба қадри заҳматҳоям изҳори миннатдорӣ мекунам. Ин қадршиносӣ маро водор мекунад, ки ба кори тарғиби адабиёти бузурги рус боз ҳам ҷиддитар машғул шавам”, - изҳори миннатдорӣ намудааст Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбукияш.
Мирхоҷа намунаҳое аз ашъори Александр Блок, Пушкин, Иван Переверзин (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метлитский (белорус), Сергей Сухоян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашидова (Доғистон)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз осори худи ӯ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, белорусӣ, арманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Ҳамчунин, шеърҳои алоҳидаи Носири Хусрав, Мирсаид Миршакар, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҳайрат Шанбезода, Камол Насрулло ва драмаҳои Вилям Шекспир “Шоҳ Лир” ва Мирсаид Миршакар “Қишлоқи тиллоӣ”-ро ба шуғнонӣ тарҷума кардааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ато Мирхоҷаи Нерӯ, 8 апрели соли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Бар асоси ҳолномааш, маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳааш фаро гирифта, дар мактаб-интернати деҳаи Муни ҷамоати деҳоти Навобод соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёна гардидааст. Соли 1980 вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1985 ба итмом расондааст.
Ба иттилои сомонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа аз овони мактабхонӣ шеър менависад ва нахустин шеърҳои ӯ дар ҳамин овон бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар рӯзномаи “Бадахшони Советӣ” нашр гардидаанд.
Соли 1991, бо мадади Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, нахустин силсилаи ашъораш дар китоби дастҷамъии "Боли парвоз" бо номи “Тасмаи мардон” ба чоп расидааст. Баъдан пайиҳам маҷмӯаҳои ашъори ӯ “Ишқ ва ашк” (2003), “Шакарганҷ” (2006) ва “Нафаси дувум” (2013) дастраси хонандагон шудаанд. Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.