https://sputnik.tj/20211110/tojikiston-omodagi-kumak-afghoniston-hushdor-1043380341.html
Тоҷикистон омодагияшро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошту аз хатарҳо ҳушдор дод
Тоҷикистон омодагияшро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошту аз хатарҳо ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон омодагии кишварро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошт
2021-11-10T10:25+0500
2021-11-10T10:25+0500
2021-11-10T11:17+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
ҳинд
хатар
марз
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103083/58/1030835896_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_c76a8f9aad96b85954d79839109f5e71.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Насурулло Маҳмудзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун ҳамсояи Афғонистон омодааст, дар тамоми барномаҳое, ки метавонанд ба мардуми ин кишвар кумак кунанд, иштирок намояд. Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ин нуктаро дар Муколамаи минтақавӣ дар мавзӯи Афғонистон, ки дар шаҳри Деҳлӣ ҷараён дорад, иброз кард. Ба гузориши расонаҳои ҳиндӣ, Маҳмудзода аз марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон зикр намуда, ҳушдор додааст, ки вазъи феълӣ таҳдидҳои иловагӣ барои қочоқи маводи мухаддир ва терроризмро эҷод мекунад. Ӯ афзуд, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад. Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти амниятиҳои аршади ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар Ҳиндустон 10-уми ноябр дар пасманзари ташдиди вазъи Афғонистон баргузор мешавад.Муколама дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ, котибони шӯроҳои амниятӣ таҳти раёсати мушовири амнияти миллии Ҳиндустон Аҷит Довал ҷараён дорад. Дар ин нишаст намояндагони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.Қаблан Чину Покистон низ даъват шуда буданд, аммо ин ду кишвар аз ширкат дар он худдорӣ кардаанд.Вазъ дар Афғонистон баъди сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон шиддат гирифта, бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла раисҷумҳури собиқ, Ашраф Ғанӣ ва мақомдорони дигар ба хориҷ фирор карданд.
https://sputnik.tj/20211110/khalabon-firori-afghonistoni-tarki-tojikiston-1043371354.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103083/58/1030835896_140:0:1955:1361_1920x0_80_0_0_47d96ffeb961cb97b75326e630f5c63a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дабири шӯрои амният, тоҷикистон, кумак, афғонистон
дабири шӯрои амният, тоҷикистон, кумак, афғонистон
Тоҷикистон омодагияшро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошту аз хатарҳо ҳушдор дод
10:25 10.11.2021 (Навсозишуда: 11:17 10.11.2021) Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон омодагии кишварро барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Насурулло Маҳмудзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун ҳамсояи Афғонистон омодааст, дар тамоми барномаҳое, ки метавонанд ба мардуми ин кишвар кумак кунанд, иштирок намояд.
Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ин нуктаро дар Муколамаи минтақавӣ дар мавзӯи Афғонистон, ки дар шаҳри Деҳлӣ ҷараён дорад, иброз кард.
Ба гузориши расонаҳои ҳиндӣ, Маҳмудзода аз марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон зикр намуда, ҳушдор додааст, ки вазъи феълӣ таҳдидҳои иловагӣ барои қочоқи маводи мухаддир ва терроризмро эҷод мекунад. Ӯ афзуд, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти амниятиҳои аршади ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар Ҳиндустон 10-уми ноябр дар пасманзари ташдиди вазъи Афғонистон баргузор мешавад.
Муколама дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ, котибони шӯроҳои амниятӣ таҳти раёсати мушовири амнияти миллии Ҳиндустон Аҷит Довал ҷараён дорад.
Дар ин нишаст намояндагони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Қаблан Чину Покистон низ даъват шуда буданд, аммо ин ду кишвар аз ширкат дар он худдорӣ кардаанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон шиддат гирифта, бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла раисҷумҳури собиқ, Ашраф Ғанӣ ва мақомдорони дигар ба хориҷ фирор карданд.